Дар заминаи ҳамкориҳои судманд ва дӯстии беохири ду давлату миллат гурӯҳи намояндагони Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Бохтар ташриф оварданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр истиқбол намуданд ва дар майдони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовинони раиси шаҳри Бохтар Умед Гуреззода, Сайфиддин Исмоил, Шоиcта Абдуназарзода, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр Ҷумъахон Меҳмондӯстзода ва дигар масъулон бо меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар назди майдони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» меҳмононро бо шеъру сухан ва гулдасту ширинӣ пешвоз гирифтанд. Ин ҷо хусуси хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сухан карданд.
Ёдовар мегардем, ки ибтидои соли ҷорӣ сафари давлатӣ ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънии томаш нақши калидӣ бозид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар “Шоми дӯстӣ” дар пойтахти мамлакат бахшида ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қайд доштанд, ки „Робитаҳои гуногунҷанбаи байни тоҷикону ӯзбекҳо бар таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст. Умумияти анъанаҳо, расму оинҳо, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто услуби либосҳои миллӣ, инчунин, хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро наздик намудаанд.”
Барномаи фарҳангии бахши фарҳанги шаҳри Бохтар, ки аз суруду таронаҳои дилнишин дар мавзӯъҳои сулҳу дӯстӣ, ваҳдат ва ягонагӣ иборат буданд, пешкаши меҳмонон бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ гардонида шуд. Имрӯз ин ҷо шодиву нишоти ягонаро миёни ду халқи бо ҳам дӯст дидан мумкин буд. Ҳамагон бо табъи болида, шодии беандоза, либосҳои миллӣ ва муҳаббати беохир иштирок доштанд. Истиқбол ва иштирок дар чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар шаҳри Бохтар мувофиқи матлаб сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки фардо (11 август) гурӯҳи намояндагони ВАО-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз китобхонаҳо, осорхонаҳо, корхонаҳои дӯзандагӣ ва дигар мавзеъҳои таърихии маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дидан хоҳанд кард.
Итминон аст, ки ин ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мустаҳкамии дӯстӣ мусоидат мекунад.