Дар доираи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байни Ҳукумати Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳайати Ҷумҳурии Белорус таҳти роҳбарии Крупко Иван Иванович дирӯз ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Меҳмононро нахуст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон‚ муовини аввали раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло ба ҳузур пазируфта дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар аз хоҷагиҳои деҳқонии «Асадулло» воқеъ дар ноҳияи Хуросон дидан намуданд. Гуфта шуд‚ ки хоҷагии мазкур ҳамасола дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулотҳои ватанӣ саҳми назаррас дошта‚ фаъолияти хоҷагидориро дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаи кишоварзии  мамолики рушдкардаи хориҷи кишвар  аз  ҷумла Ҷумҳурии Белорус ба  роҳ  мондаанд. Меҳмонон бо  фаъолияти хоҷагӣ,  ки аслан  ба боғдорӣ  равона гардидааст, дидан намуда,  ҳамчунин ҷиҳати фаъолияти  гармхонаҳо ва истифодаи самарабахши замин, ҷорӣ  намудани усули коркард  ва риояи омилҳои фаровонии  сабзавот бо саҳмдорон мулоқот оростанд.

Ҳайати кории меҳмонон ба ноҳияи Кушониён ташриф оварда аз хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» воқеъ дар ҷамоати деҳоти Заргар дидан намуданд. Айни замон гармхонаҳо аз ҳосили баланд доштани лиму дарак медиҳанд. Дар хоҷагии мазкур‚ ки имрӯзҳо парвариши помидор‚ картошка‚ карам‚ бодириниг ва дигар навъи сабзавотҳо парвариш карда мешаванд‚ деҳқонон гуфтанд аз бадаст овардани ҳосили дилхоҳ имсол умеди зиёд доранд. Меҳмонон оид ба омилҳои парвариши ин меваи ситрусӣ дар гамрхонаҳои хоҷагӣ бо деҳқонон суҳбат намуданд.  Гуфта шуд‚ ки дар гармхонаҳои мазкур  лимӯи  навъи «Мейр» ҳамасола парвариш меёбад ва аз ин ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.  Деҳқонон зимни суҳбат иттилоъ доданд‚ ки дар соли 2020 бештар аз 4 тонна лимӯро  ба бозор баровардаанд ва боқимондааш то ҳол дар арафаи воридот ба бозорҳои хориҷ аз кишвар аст. Ҳайати корӣ ҷиҳати бо талаботҳои соҳаи кишоварзӣ мувофиқ парвариш кардани лиму ба кори деҳқонону саҳмдорони хоҷагӣ баҳои баланд доданд. Гуфта шуд‚ ки таҷрибаи кории хоҷагиро ба  деҳқонони Ҷумҳурии Белорусия низ тавсиф хоҳанд кард ва дар оянда ҷиҳати содироту воридоти маҳсулотҳои кишоварзӣ мебояд ҳамкориро ҷонноктар намуд.

Зимнан ҳайати Ҷумҳурии Белорус ва дигар меҳмонони расмиро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба ҳузур пазируфт.  Кори ҷаласаро раиси вилоят ибтидо бахшида меҳмононро ҷиҳати ташриф ба вилояти Хатлон самимона шодбош намуданд. Раиси вилояти Хатлон дар баромади худ ҷиҳати ҳамкории судманд доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Белорус дар соҳаҳои гуногун изҳори назар карданд.  Гуфта шуд‚ ки баргузории ҷаласаи 14-уми Комиссияи байни Ҳукумати Тоҷикистону Белорус ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ҳарду кишварро боз ҳам тақвият хоҳад бахшид. Зикр гашт, ки вилояти Хатлон   яке  аз  вилоятҳои калонтарини аграрӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад  ва қисмати бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Белорусия маҳз аз ноҳияҳои вилояти Хатлон содирот карда мешавад. Қайд гардид‚ ки ҳамасола аз ноҳияи Ҷайҳуну Данғара ва дигар навоҳии вилоят маҳсулотҳои кишоварзӣ ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода мешавад‚ ки ин аз ҳамкории ҳамаҷониба дарак медиҳад. Ҳамзамон иттило дода шуд, ки дар самти таъсиси гармхонаҳои доимоамалкунанда  Ҷумҳурии Белорус низ нақши ҳалкунанда бозида барои таъмини маҳсулоти бозори Ватанӣ ва берун аз он нақши бевосита маблағгузорӣ мекунад. Техникаҳои корӣ дар заминҳои кишварзии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар заминаи ҳамкориҳо бештар аз Ҷумҳурии Белорус тибқи лоиҳаҳои давлатӣ ворид шуда баҳри бо сифати баланд шудгор ва омода намудани замин кишт тавасути тракторҳои Белорусӣ ба роҳ монда мешавад‚ ки далолат аз ҳамкориҳои судманди ҳарду ҷониб мекунад. Зимнан роҳбари ҳайати кории Ҷумҳурии Белорус Крупко Иван Иванович ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобила ва даввомдори Тоҷикистон махсусан вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Белорус изҳори хушнудӣ карда ҳадаф аз ташрифи ҳайати кориро ба навоҳии вилояти Хатлон  ҳарчи бештар тақвият додани ҳамкориҳо баҳри истифодаи ҳар ваҷаб замин арзёбӣ намуданд. Гуфта  шуд, ки Ҷумҳурии Белорус барои ҳамкорӣ ҳамеша омода аст ва якчанд лоиҳаҳоро бо мақсади ҳавасмандсозии деҳқонони вилояти Хатлон ба роҳ хоҳанд монд.  Дар ҷараёни суҳбат дигар меҳмонони расмӣ аз ҳайати Ҷумҳурии Белорус баромад намуда баҳри аз худ кардани таҷрибаҳои бою ғании деҳқонони кишварҳои пешрафта даъват ба амал оварданд‚ ки такроран ба вилоят ташриф меоранд ва баҳри  таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои ҷадид оянда ҳамкориро беҳтар хоҳанд кард. Дар анҷоми мулоқот раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз ташрифи ҳайати корӣ изҳори сипосу хушнудӣ намуда, ҳамчун рамз ба меҳмонони расмӣ туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуданд.