Дар самти фаъолияти рушди сайёҳӣ дар соли 2022 корҳои муайяне ба анҷом расонида шуд, ки ин ҳам бошад бо мақсади ҷалби сайёҳон ба вилояти Хатлон ба шумор мерафт. Дар ҳудуди вилоят 931 адад ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 адад меҳмонхона, 130 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 134 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 132 адад тарабхона, 43 адад осорхонаҳо, 18 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 119 адад чойхона, 306 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 214 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 88 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо, 46 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Тибқи маълумотҳои масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар соли 2022 дар умум 462503 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (445257 нафар сайёҳони дохилӣ ва 17246 нафар сайёҳони хориҷӣ) ташриф овардаанд. Мутахассисони соҳа тасмим доранд, ки дар самти бозҳам пешрафт намудани рушди сайёҳӣ дар соли 2023 ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон тамоми чораҳоро андешида истода буклету харитаҳои сарироҳӣ барои сайёҳон омода намудаанд.