Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ибтикори Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як гурӯҳ ятимони кулли вилояти Хатлон барои саёҳат ва истироҳат ба мавзеи сайёҳии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб сафар карданд.
Дар ин сафари сайёҳӣ гурӯҳи ятимонро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара ҳамроҳӣ намуданд.
Сафари кӯдакони ятим дар ҳавои суруду мусиқии хотирмон ва дихушкунанда оғоз гардид. Дар рафти сафар онҳо бо тамошои мавеъҳои зебову кӯҳҳои осмонбӯс ва манзараҳои нотакрори диёр болидахотир гаштаву ғизои маънавӣ бардоштанд.
Гурӯҳи кӯдакон аз дидани манзараи нуқрафому дилкушо, сайругашти одамони зиёд ва сайёҳони хориҷӣ ба ваҷҳ омада, хурсандии онҳоро ҳадду канор набуд.
Гурӯҳе аз онҳо ба ҳаракати рӯйи ях ва гурӯҳи дигар ба барфбозӣ пардохтанд.
Ҳамин тариқ, гурӯҳи сайёҳони наврас гирди гулхан ҷамъ шудаву бо ҳамдигар суҳбати дӯстона оростанду рақсу бозӣ карданд.
Сайёҳони наврас ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамаи онҳое, ки дар ин сафари сайёҳӣ иштирок доштанд, бо таманниёти нек миннатдории худро нисбати ин иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳамаи ташкилкунандагони чорабинӣ баён намуданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд.
Онҳо яқин медонанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.
Ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон танҳо ба самти фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум равона гардидааст ва дар ин қатор дастгирии табақаи ниёзманд, аз қабили ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташан маҳдуд авлавият дорад.
Ин аст, ки дар партави ҳидояту ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ятимон, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону нафарони саховатпеша корҳои хайру эҳсонкорӣ ба анҷом мерасонанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон