Аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади ташкил намудани маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Бохтар суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯён баргузор намуда истодаанд.
22 октябр вохӯрии навбатӣ дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар баргузор шуд. Ин иқдом аз ҷониби маъмурият ва донишҷӯёни коллеҷ хуш пазирифта шуда, аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол як нафар роҳбари маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди коллеҷ интихоб гардид.
Зимни суҳбату вохӯрӣ қайд карда шуд, мақсад аз ташкили чунин маҳфилҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба суннатҳои неки ниёгон дар дили ҷавонон буда, чунин вохӯриҳо идома доранд.