Солҳои охир аз тарафи соҳибкорони ватанӣ чорвои зотӣ ва наслдиҳандаи сергӯшту сершир аз давлатҳои Олмон, Федератсияи Россия, Украина ва Белорусия ба вилоят ворид карда шуд.
Чунончи, бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ соли 2020 соҳибкорони маҳаллӣ Исо Холматов — аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Абдуманнон Шарипов аз ноҳияи Фархор аз хориҷи кишвар чорвои зотӣ ворид намуданд.
Ҳамчунин, ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон нигоҳ накарда, ҶДММ “Мармарӣ”-и Ҷамоати деҳоти “Обшорон”-и ноҳияи Ёвон 303 сар чорвои зотиро аз Украина ворид кардааст. Ин соҳибкорон барои рушди соҳаи чорвопарварӣ саҳми муносиб гузоштаанд, ки таҷрибаи онҳо қобили таҳсин мебошад.
Дар ин раванд, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар соҳаҳои растанипарварӣ ва маҳсулнокии чорво бисёр муҳим мебошад.
Солҳои 2019-2020 аз ҳисоби соҳибкорон дар вилояти Хатлон 3 адад ферма барои парвариши ҳайвоноти калони шохдор сохта ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар ин фермаҳо 1527 сар чорвои зотӣ парвариш ёфта истодааст, ки боиси дар ғанӣ гардидани буҷаи давлатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гардидааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон