Вобаста ба нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «А. Алӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ин мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок ва вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб суханронӣ намуд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки як зумра шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ аз кишвар қарор доранд, ки ин яке аз роҳои интиқол ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад. Ва ё бо дигар роҳу воситаҳо, махсусан бемории ВНМО/АНМО зиёд гардидааст. Дар ин росто ҳизбиён зарур мешуморанд, ки дар ҷомеа корҳои тарғиботию ташфиқотӣ, инчуни фаҳмондадиҳӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбиро ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дар байни мардум ба роҳ монда, ба ин восита метавонем пеши роҳи паҳншавии ин бемориҳои марговарро бигирем. Чунки миллати солим ин давлати солим ва пешрафтаро ташкил медиҳад.