Баҳри муаррифи ба ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон, тарғиб намудани анъанаҳои миллӣ яке аз ҳадафҳои ҳамешагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад.
Дар ин росто дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Кӯлоб бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Зимни чорабинӣ Мунаввараи Бозоралӣ – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба моҳияти эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ ва такмили маҳорату истеъдод мусоидат менамояд.
Иштирокчиёни намоиш иброз намуданд, ки барои амалашавии иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи худро хоҳанд гузошт.