Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии “Амал об барои рушди устувор 2018-2028″ бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” аксия баргузор гардид.
Зимни аксияи мазкур аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон армуғонҳои таблиғотиро ҷиҳати дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти масоили об тақсим ва дастрас намуданд.
Аз ин пас ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб, ин иқдомро идома дода, чунин чорабиниҳоро бо шаклу мазмуни тоза роҳандозӣ менамоянд.