Имрӯз дар шаҳри Бохтар бо иштироки Қосим Роҳбар – раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зоирзода Умед- муовини раиси вилояти Хатлон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Исмоилзода Абдуалим — раиси шаҳри Бохтар, меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии волии вилояти Мазори Шариф ва масъулони дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ва зиёда аз 10 ҳазор сокинони шаҳр ва навоҳии атрофи он бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангии театркунонишуда доир гардид.
Қабл аз шуруъи чорабинии фарҳангӣ меҳмонон нахуст аз намоишгоҳҳои наврӯзӣ ки аз ҷониби идораву ташкилот ва муассисаҳои гуногуни шаҳр омода гардида буд, боздид намуданд.
Қайд гардид, ки Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Истиқболи гарми ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор месозад. Бо ин иқдом мо яке аз куҳантарин суннатҳои аҷдодӣ ва оинҳои давлатдории гузаштагонамонро эҳё менамоем.