Аз субҳи содиқ хурду бузурги ноҳия бо рӯҳияи идона атрофи боғи фарҳангиро ҳалқавор печонида буданд. Ҳар гурӯҳ зери номи Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти худ бо намоиши дастовардҳои хеш бо шиори «Аз Наврӯз то Наврӯз» қаторак буданд. Аз тамошои дастовардҳои аз якдигарашон беҳтар, ки бо тантанаи оромӣ ва тинҷӣ бо исми Истиқлолияти комили кишвари биҳиштосоямон муяссарамон гардидааст, дидан карда, ҳаловат мебурданд. Ҳайати комиссияи ноҳиявӣ аз ҳар як номгӯи ашёҳои намоишӣ дида, баҳогузорӣ менамуданд.

Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода бо гурӯҳи меҳмонон дар ҳайати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мирзохон Гулмаҳмадзода бо мардум вохӯрда, аз дастовардҳои сокинони ноҳия дидан карданд. Сипас, аз номи Сарвари давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ятимони кулл туҳфаҳои Наврӯзӣ тақдим намуданд.

Имрӯз ба чандин ҷуфт дар тантанаи Наврӯзи оламафрӯз шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуд.

Тантанаи Наврӯзӣ дар майдони васеи боғи фарҳагӣ — фароғатии ноҳия баргузор шуд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here