Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои майда, аз ҷумла тангаҳои филизӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани пулҳои нақд дар муомилот ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, аз 20 июни соли ҷорӣ тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам ба муомилот баровард.

 Тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам, барориши соли 2018 дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд. Барои қонеъ гардондани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тангаҳои филизӣ ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо пешниҳоди дархост аз Бонки миллӣ ба қадри зарурӣ ва саривақт тангаҳои арзишашон номиналиро бе мамониат ва маҳдудият дастрас намоянд. Тангаҳои «сомонӣ» ва «дирам», барориши соли 2018, дар корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон истеҳсол шудаанд.                                                  “Хатлон”

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here