Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бинои беморхонаи Ҷамоати деҳоти Турдиев пурра аз таъмири асосӣ бароварда ва бо шароити зарурӣ таъмин карда шуд. Он аз се шуъба ва 20 кат иборат буда, ба 11 ҳазор аҳолии деҳа хизмат мерасонад.

Чунин корҳои навсозӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар беморхонаи Ҷамоати деҳоти “Даштигуло”-и ноҳия низ анҷом дода шудааст.

Инчунин, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва пешгирии хуруҷи вируси нави Ковид-19 ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 70 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ расонида шудааст.

Гузориши ТВ “Тоҷикистон”-ро ин ҷо бубинед: