Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз деҳаҳои Гулобод ва Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия аз рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои деҳаҳои мазкур дидан намуданд.

Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Гулобод 1,8 км масофаи роҳ мумфарш карда шуда, дар шафати он пояҳои равшаннамоию чароғонкунӣ насб гардидаанд. Дар деҳаи Меҳнатобод бошад ба масофаи 3,4 км роҳ мумфарш карда шуда, дар шаффати он пиёдароҳ, ҷӯйборҳои обгузар таъмир ва пояҳои чароғонкунӣ насб гардидаанд.

Ҳаҷми маблағи корҳои сохтмонӣ 6 млн. 240 ҳазор сомонӣ дар бар гирифта дар вақти азнавсозии роҳ зиёда аз 70 нафар коргарон ҷалб ва ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here