Бо мақсади пурра фаро гирифтани аҳолӣ ва дарк кардани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти “Технолог” вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагон суханронӣ карда, қайд доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола пешкаш шуда, дар он паҳлуҳои гунонуги сиёсати дохилию хориҷии мамлакат матраҳ ва вазифагузориҳои нав барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар амалӣ мегардад.

Ҳозирин дар фарҷом гуфта шуд, ки Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат ба мардум чун дастуре дониста мешавад, ки аз рӯи он корбарӣ дар тамоми самтҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корбурд карда мешавад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here