Тибқи супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, махсусан дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» рӯзи 18-уми июли соли ҷорӣ дар мавзеи Тутуи Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир корҳои сохтмони чоҳҳои амудӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани аҳолии маҳаллаю кӯчаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб бо оби нӯшиданӣ оғоз карда шуд.
Қайд гардид, ки барои аниқ намудани хатҳои оби гузаранда дар чуқуриҳои аз 100 то 200 метр аз корхонаи «Геологияи тоҷик» мутахассисон ҷалб гардидаанд, то ки барои то ба шаҳри Кӯлоб кашидани об аз ин мавзеъ осонтар гардад.
Баъдан, Раиси вилоят ба сохтмончиён тавсияҳои муфид доданд.
Тибқи иттилои корманди корхонаи обу ташноби шаҳри Кӯлоб Сайдалиев Шариф, дар ин мавзеъ 4 чоҳи амудӣ канда мешавад ва аҳолии маҳаллаҳои Ҷомӣ, Сино ва дигар маҳаллаҳои беоби шаҳр ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.
Аз тарафи пирони рӯзгордидаи маҳалла ба ташаббускорон ва хайркорон дуои нек дода шуд.
18 июл дар кӯчаи Хатти роҳи шаҳри Кӯлоб 6 нуқтаи хатти оби ошомиданӣ барои 530 хоҷагӣ ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳи нуқтаҳои об раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок доштанд.
Мардуми маҳалла миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.
Чунин нуқтаҳо дар доираи барномаҳои давлатӣ ва корҳои хайру эҳсонкорӣ аз тарафи шахсони саховатпеша дар дигар кӯчаҳои камоби шаҳр низ марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.