Соли гузашта идораи бордоркунии сунъӣ ва хушзотнамоии чорвои минтақаи Кӯлоб, ки дар маркази ноҳияи Восеъ қарор дорад, бо дастгирии Ҳукумати кишвар баҳри хушзот намудани чорвои калони маҳаллии сокинони минтақа, соҳиби 37 сар буқаҳои насли хушзот гардид.Буқаҳои хушзот ба тариқи зайл ба ноҳияҳои минтақа тақсим карда дода шуданд: ба ноҳияи Данғара 11 сар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 8 сар, Восеъ 8 сар, Фархор 6 сар ва ба ноҳияи Кӯлоб 4 сар.Тавассути ин буқаҳо дар давоми соли равон дар ноҳияҳои мазкур 1274 сар модаговҳои сокинон бордор карда шуданд ва то имрӯз аз ин ҳисоб 91 сар гӯсола гирифта шудааст.
Чорвои хушзоткардашуда барои хоҷагиҳои чорвопарвар, ба хусус оилаҳо манфиатҳои зиёди иқтисодӣ меоранд.Ва бо ин мақсад мо ҳамеша масъулони хоҷагиҳо ва сокинонро даъват мекунем, ки барои хушзот намудани чорвои маҳаллиашон сайъ намоянд,-гуфтанд дар сӯҳбат сардори идораи бордоркунии сунъӣ ва хушзотнамоии минтақаи Кӯлоб Раҷабалӣ Файзуллоев.