Ба муносибати Рӯзи театри тоҷик дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши идона доир гардид.

Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аҳли ҳунарро бо 90-умин солгарди театри тоҷик самимона шодбош гуфта, ба корҳои эҷодиашон барору комёбӣ хост.

Зикр гардид, ки миллати тоҷик аз қадим бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳимми ояндасоз хизмат намудааст.

— Театр аз оғози пайдоиши худ рисолати хешро ҳамчун ойинаи зиндагӣ, ҳамчун инъикоскунандаи ҳақиқати ҳаёт, ҳамчун ҳидоятгари одамон ба сӯйи некӣ бо субот иҷро намудааст, — гуфт Ғазалшоҳ Сафарзода. — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театр ва дар маҷмӯъ фарҳангро таҷассумгари ҳувияти миллӣ номида, зикр кардаанд, ки маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон театрҳои касбии вилояти  Хатлон марҳилаи тозаеро касб карда, дар интихоби барнома, таҳияи асарҳои гуногунжанри дорои арзишҳои баланди бадеӣ озоду соҳибҳуқуқ гардида, ба майдони хеле васеи тарғиби суннату арзишҳои миллӣ табдил ёфтаанд.

Дар ин маросим ба як идда ҳунармандони пуркори театрҳои вилояти Хатлон Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Пасон, аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоишномаи «Васвасаи нафс»-ро, ки аз рӯйи асари Ҷумъа Қуддус ба саҳна гузошта шудааст, манзури алоқамандони театр намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here