7-ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи  театри тоҷик бо як шукуҳу шаҳомати ҳосса  таҷлил карда мешавад. Ин саънаи мубораку таърихи-ро  чун дигар кормадони театрҳои ҷумҳури аҳли ҳунари театри вилояти мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  хубу хотирмон ва дар руҳияи баланди фарҳанги истиқбол гирифтанд.

  Дар ин руз намоишномаи (Қиёмат) — Арасот аз рӯи асари Чингиз Айматов  дар коргардонии Парвиз Раҷабов омода гардида буд, пешниҳоди меҳмонон ва дустодорони асили театри тоҷик карда шуд. Худи коргардон-тахиягар намоишнома Парвиз Раҷабов дар мусоҳиба ба чунин гуфт:  «Намоишнома атрофии одам ва табиат қисса менамояд,   Модаригуг Акбараи дар дашти Миюнқули зиндагӣ мекардагӣ гуноҳе мекунаду таносуби табати мавҷударо вайрон менамод.Ба ин дашт пои одам мерасад,ки ӯ амалиёти хунини гузаронида, сайгакҳоро нобуд месозад, ки  дар қатори онҳо  бачагони Акбара низ кушта мешаванд.

  Гургон се маротиба ба ҷойҳои ором мераванд, ки мувофиқи қонуни табиат нас гузоранд, ки се маротиба ҳам одам онҳоро аз  бача парвардан маҳрум сохт.Меҳри Акбара ба гургбачаҳо на аз руи инстинкти бефикрона ҳайвонӣ, балки  аз руи фаҳмиши модаронаи ҳамаи  зиндаҳои дар руи замин буд ва мехост насли худро нигоҳ дорад. Вақте, ки  Бозорбой гугбачаҳоро аз лонаи онҳо медуздад, Акбара ба қассосгирии бераҳмона мегузарад. Дар ин қасосгирӣ оилаи Бостон, ки Бозорбой ҳангоми дуздидани гургбачаҳо дар хонаи ӯ  ист карда буд, зарар мебинад. Пайи дузд модаригро ба зистгоҳи Бостон меорад.

 Даҳшаттарин воқеа Бостонро дар пеш буд. Бостон мебинад, ки писари дустдорашро гург дуздида гирифта буда истодааст, тир мепаронад. Он тир ҳам модаргугро беҷон мегардонад ҳам писари уро ки давоми  наслаш буду мақсади зиндагии у. Бозорбой низ дар натиҷаи бархурдаш бо Бостон кушта мешавад яъне дар натиҷаи бархурдҳои ду қувва одам ва табиат ҳам ду тараф зарар мебинанд.

  Тазаккур бояд дод, ки дар намоишномаи (Қиёмат) — Арасот  ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва чанде аз  ҳунармадони ҷавонони театри мазкур нақшофарӣ мекунанд.

   Пас аз тамошо  раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлашоҳ Қурбонали ба сухан баромада  аҳли театро ба Рузи театри тоҷик табрику шодбош намуда ба саҳнагузорандаи намоишномаи (Қиёмат) – Арасот ва нақшофарони он хело баҳои баланд додаанд.

     Раиси вилоят  ҳамчунин афзуд, ки театр дар ҳама давру замон тарғибгари ғояҳои  баланди инсони буда, нақши он дар камолоти маънавии ҷомеа басо  калон аст.

  Аловуддин Абдуллоев   директори театр иттилоъ дод, ки  намоишномаи (Қиёмат) – Арасот    ба ифтихори 90-солагии Чингиз Айматов омода шудааст ва дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирѓизистон фестивали театрҳои касбӣ доир мегардад  мо бо намоишномаи «Қиёмат» иштирок менамоям.

  Дар вазияти тан-танави аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлашоҳ Қурбонали ба як қатор кормадон ва ҳунармадони театри вилояти мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  ифтихорнома ва тухфаҳои хотирави супорида шуд.

  Боиси ифтихо аст, ки  театри мусиқи мазҳакавии шахри Қурғонтеппа дар кишвар яке аз куҳвнтарин театрҳо маҳсуб меёбад. Дар ин мудат  дар театр садоҳо нафар ҳунармандон фаъолият намуда, сипас ба саҳанҳои калон баромаданд. Ҳанрмандони театр аксаран асарҳоеро руи саҳна мегузоарнд, ки ахлоқи ҷомеаро  таҷасум ва инико мекунад  инсонҳоро тарбия менамояд.Бахсус солҳои охир намоишномаҳои тетар басе пурмазмун шудаанд.Бесабаб нест,ки танҳо дар чанд соли охир ба унвонҳои ҳунарпешаи шоисатаи тоҷикистон ва ҳунарпешаи халқии тоҷикистон мушрраф гаштаанд. Ҳамаи ин мувафақияти ҳунармандон дар ҷодаи санъати театрӣ дарак медиҳад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here