Дар майдони назди Нишони давлатии шаҳри Бохтар ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъомадагон ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилояти Хатлонро бо 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
— Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, шаҳодатномаи миллат, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон дошта, риоя ва эҳтироми онро меҳвари мақсад ва мазмуни фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ қарор додааст ва ин арзиши конститутсионӣ нигоҳу назари некбинонаю башардӯстонаи давлатро нисбат ба волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон аз дигар падидаҳо инъикос менамояд, — қайд гардид дар сухани табрикии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълон доштем.
Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши намоён бозид.
Зикр гардид, ки ба шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегарданд.
Пас аз қисмати расмии ҳамоиш барномаи рангини ҳунарӣ манзури ҳозирин гардид.