Шоми 30 сентябр дар саҳни Маркази фарҳангии Ҷалолиддини Балхии шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ва раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода номаи шодбошии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Зикр гардид, ки Мавлоно аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ҷалолиддини Балхӣ бо осори орифонаю безаволи худ, аз он ҷумла “Маснавии Маънавӣ”, бо гузашти асрҳо дили ҳаводорони каломи манзумро тасхир намудааст.

Дар қисмати баъдии чорабинӣ аз ҷониби аҳли ҳунар намоиши зебою пурмазмуни саҳнавӣ тақдими тамошочиён гардид.

Овозхонии ҳунармандони ансамбли «Фалак»-и шаҳри Кӯлоб бисёр хотирмон буд. Саҳнаҳо, композитсияи адабии ҳунармандони театрҳои вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, намоиши рақсии ансамбли “Ситора”-и шаҳри Бохтар низ омӯзанда ва тамошобоб буда, мавриди писанди ҳамагон гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here