Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, дар Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир, собиқадорони соҳаи синамо ва синамогарони хориҷӣ аз Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон чорабинии идона доир гардид.

Меҳмонони хориҷӣ ва собиқадорони синаморо бо нону асал, гулдастаҳо ва карнаю сурнай истиқбол гирифтанд.

Ҳамоишро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли ҳунар ва ҳозиринро бо 90-солагии кинои тоҷик шодбош гуфт.

— Синамо муаррифгари ҳар як миллату давлат буда, тавассути он давраҳои гуногуни сарнавишти халқҳо, зиндагию рӯзгори онҳо инъикос мегардад, — зикр намуд М. Хидирзода. — Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳимми ҷомеа диққати махсус медиҳад. Қабул гардидани Барномаи давлатии рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2022 далели ин гуфтаҳост. Ғамхорӣ нисбат ба рушди кинои тоҷик яке аз роҳҳои муҳимми тарғиби фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёри мо, омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикоси масири пешрафти рушди он ба ҳисоб меравад. Бо мақсади татбиқи Барномаи рушди кинои тоҷик барои то соли 2022 дар вилоят як қатор корҳо ба анҷом расидаанд, ки таъсиси муассисаи давлатии вилоятии «Хатлонсинамо» аз ҷумлаи онҳост. Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом ба мардум ҳарчи бештар пешниҳод намудани ғизои маънавӣ тавассути филму наворҳои гуногунжанри миллӣ, инчунин омодасозии мутахассисони соҳа ва ба ин васила таъмин кардани рушди минбаъдаи кинои тоҷик мебошад.

Қобили зикр аст, ки фарҳангшиносон таърихи эҳёи синамои тоҷикро ба 16 октябри соли 1929 рабт додаанд. Дар ин рӯзу сол дар анҷумани фавқулоддаи Шӯрои Тоҷикистон декларатсия оид ба таъсиси Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул шуда буд. Баъди қабули ин санади таърихӣ барои иштирокчиёни он ҳамоиш нахустин киножурнал дар бораи омадани аввалин қатора ба Душанбе намоиш дода шуд. Ҳамин тавр, зангӯлаи омадани аввалин қатора ба Тоҷикистон аз милоди синамои тоҷик мужда медод.

Кинои тоҷик имрӯз омили эҳё намудани таъриху маданияти қадимаи халқи тоҷик ва инъикосгари масири пешрафти рушди давлат ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ТВ «Синамо» рӯзи 1 марти соли 2016 махсус таъкид карда буданд: «Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зӯроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад».

Зимни ироаи сухани табрикии худ роҳбари “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дастгирии доимии синамогарони тоҷик, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди кино изҳори сипос намуд.

Рузи кино2.jpg Барои ҳамкории самарабахш ва дастгирии синамосозони вилояти Хатлон, саҳми муносиб дар офаридани филмҳои муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” ва тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ба роҳбари муассисаи “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир, Ҳугарпешаҳои мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов, Ортиқи Қодир, Ниёзаҳмад Мусоев ва Зулхумори Иброҳим Сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим гардид.

Инчунин аз ҷониби муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ба як қатор кормандони Раёсати “Тоҷикфилм” дар вилоят ва муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дода шуд.

Пас аз қисмати тантанавии чорабинии мазкур филми истеҳсоли муассисаи давлатии «Хатлонсинамо» бо номи «Саҳв» манзури тамошочиён гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here