Имрӯз, 24 ноябр, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Раҷабов Раҷабалӣ Сайфиддинович аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод ва Сулаймонзода Акрам Раҳим муовини раиси вилояти Хатлон таъйин карда шуд.
Раҷабалӣ Раҷабов аз моҳи марти соли 2012 дар мансаби муовини раиси вилояти Хатлон кор карда, фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро сарпарастӣ мекард.
Дар гузашта ба ҳайси мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2008), директори хазинаи сарватҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2010), муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2012) кор кардааст.
Акрам Сулаймонзода то таъин шуданаш ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон дар мансабҳои раиси шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, муовини вазири энергетикаи ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон