Дар шаҳри Кӯлоб низ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тадбирҳои муҳим андешида шуда, бо истифода аз маҳлулҳои кимиёвӣ ва гидлохлориди калсий кӯчаю маҳаллаҳо безарар гардонида мешавад.

Айни замон ба таври шабонарӯзӣ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии дезинфексияи профилактикӣ ва маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ бо ҷалби техникаҳои Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД корҳои безараргардонӣ гузаронида истодаанд. Диққати асосӣ ба ҷойҳои серодам, терминалҳо, марказҳои савдо, бозорҳо ва хонаҳои баландошёна дода мешавад.

Бозори “Саховат”-и шаҳр пайваста безарар гардонида мешавад ва дар баробари ин ҳафтае як маротиба рӯзи санитарӣ эълон гардидааст. Дар бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин ва хонаҳои баландошёна варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ насб карда шудаанд, ки ҳадафи асосӣ мубориза бар зидди COVID-19 мебошад.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед: