Имрӯз, 28 декабр, ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуда, дар он раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”, омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолати фавқулодда дар мавсими баҳори соли 2021 баррасӣ гардиданд.
Раиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии он маърӯза намуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ҳамасола ба ҳодисаҳои офати табиӣ дучор мешавад. Омадани селу ярч тарма, заминларза аз ҳодисаҳое ҳастанд, ки рух доданашон бо тағйир ёфтани иқлим аз эҳтимол дур нест.
Раиси вилоят иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 3 ҳолати фавқулоддаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти вилоят, тибқи протоколҳои маҷлиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ба маблағи умумии 8 миллиону 218 ҳазору 175 сомонӣ зарар расидааст.
Дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзеъҳои осебпазир, хусусан ноҳияи Хуросон назаррас арзёбӣ гардид.
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хаитлон, муовини раиси Комиссияи вилоятӣ Сулаймон Исозода доир ба корҳои оммафаҳмонию рафъи ҳолатҳои фавқулода гузориш дод.
Ба иттилои ӯ, дар вилоят 401 мавзеи хавфнок мавҷуд аст, ки эҳтимоли рух додани офатро дорад. Дар ҳама мавсим барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани сокинон ба мавзеъҳои бехавф ҷараён дорад.
Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади хеш гуфт, ки ҳамасола бо рух додани офатҳои табиӣ иншооти ёрирасони сокинон ва манзилҳои зисту заминҳои корам аз истифода мебароянд.
Офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонида, мутаассифона, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар монеа эҷод мекунанд. Дар робита ба ин, қабул ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 барои Тоҷикистон иқдоми муҳими сиёсӣ мебошад.
Пешбинӣ мегардад, ки тағйироти пешгӯишавандаи иқлим ва шароити обу ҳаво ба бештар рух додани селҳо, ба таври ғайримуқаррарӣ хушксолӣ, ҳамчунин давраҳои обу ҳавои ба таври ғайриоддӣ гарм ва шароитҳои номусоиди обу ҳаво мешаванд. Барои муборизаи бомуваффақият бо чунин табаддули иқлим такомули низоми огоҳсозии қаблӣ ва усулҳои мавҷудаи идоракунии хавф (мисол, нисбат ба селу хушксолиҳо) ва ҳамчунин таҳия намудани роҳҳои нави паст кардани сатҳи оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба онҳо, ба хусус дар робита бо давраҳои обу ҳавои ба таври ғайримуқаррарӣ гарм ва хушксолиҳо лозим мебошад.
Фаъолият оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо дар Тоҷикистон дар доираи Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои ва мақомоти ҳамоҳангсоз, ки комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҳамчунин дар сатҳҳои ҷамоатҳо ва ташкилотҳо мебошанд, анҷом меёбад. Ба ҳайати комиссияҳои мазкур, ки аз ҷониби шахси мансабдор дар сатҳи дахлдор роҳбарӣ карда мешавад, намояндагони ҳамаи мақомоти давлатии дахлдор дохил мешаванд. Раиси комиссия дар сатҳи миллӣ Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи вилояту шаҳру ноҳияҳо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати таъмини иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №602 аз 29 декабри соли 2018, қарори раиси вилояти Хатлон №29 аз 29 январи соли 2019 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №284 аз 31 майи соли 2018, қарори раиси вилояти Хатлон №162 аз 3 июли соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар охири ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда барои хизматҳои шоиста ба раиси Комиссия Қурбон Ҳакимзода нишони сарисинагии “25-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мулофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон