Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи соли ҷорӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 36,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод баробари 93,8 фоизи нақшаи дурнамост ва дар нисбати ҳамин давраи соли 2017 2,4 миллион сомонӣ кам мебошад. Иллати пастравии маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия, ин дар навбати аввал аз фаъолият боз мондани 9 корхонаи саноатӣ ва баъдан дар нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ кам истеҳсол намудани маҳсулот дар 12 корхонаи дигар аст.
Дар назар аст, ки дар давоми моҳҳои соли ҷорӣ дар ноҳия ба фаъолият шурӯъ кардани як қатор корхонаҳои дигар, аз қабили корхонаи истеҳсоли сангу шағал, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ ва корхонаи хӯрди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба болоравии маҳсулоти саноатӣ боис мегардад. Ва дар баробари ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ, баҳри болоравии маҳсулоти саноатӣ як қатор тадбирҳои дигарро ҳам рӯи даст гирифтааст.