Ҳамватанони азиз!
Садоқат ба оинҳои ниёгон, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои маънавии миллат аз рукнҳои асили ворисияти аждодии насли имрӯзи ҷомеа маҳсуб мешавад.
Иди Меҳргон дар масири таърихи миллии тоҷикон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ, Наврӯзу Сада мақом ва манзалати хосаеро соҳиб аст.
Таҷлили Меҳргони имсола дар сарзамини Хатлони бостон дар шароите, рост омад, ки ҳамоно дар фазои сиёсию фарҳангии вилоят накҳати атромези қадами мубораки Пешвои муаззами миллат ҳукмфармо буда, мардум зери таасуроти суҳбату вохӯриҳои Роҳбари давлат қарор доранд.
Ҳамасола Меҳргон ба тантанаи самари офарандаи неъматҳои моддӣ барзгарони шуҳратманди диёрамон табдил ёфта, аз пайки он хонӣ маънавию моддии мардуми шарафманди вилоят ва берун аз он шукуҳу нусрати бепоёнро молик гаштааст.
Тибқи сарчашмаҳои бостонӣ ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардуми ориёитабор аз зумраи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба василаи заминаву бартариҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба имрӯз омада расидааст.
Бояд гуфт, ки Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.
Меҳргон ба ифтихори шарофату покизагии зиндагӣ ва арзиши умри инсонӣ таҷлил мегардидааст. Чун Меҳргон бо аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртиботи қавӣ ва маъноӣ дорад, сатҳу сифати зиндагидӯстӣ ва зебоисписандии мардумро боло бурда, дар густурдани хони меҳргонӣ, ки аз анвои меваҷоту сабзавот- анор, себ, ангур, нок, помидор, подиринг ва амсоли инҳо такмил ёфтааст, мушоҳида кардан мумкин аст.
Хусусияти фарогирии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон раванди баҳамойӣ ва ҳамшарикии мардумро дар соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад.
Меҳргонро дар замони Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Сомониён бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирифтанд. Тавре дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ омадааст, халқ бо сарварии Коваи Оҳангар Заҳҳоки золимро шикаст доданд ва Фаридун ба тахт нишаст. Ба тасвири Абулқосим Фирдавсӣ, Фаридун “ Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ” ба тахт нишаст ва парастидани Меҳру ҷашни Меҳргонро асос гузошт.
Ҳамин аст, ки иди Меҳргон ба давраи ҳукмронии бунёдгузори ин ҷашн Фаридун нисбат дода мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бузурги мардуми тоҷик буда, таҳти роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати тоза касб намуда, дар феҳристи санаҳои таърихӣ ҷойгоҳи махсус пайдо карданд.
Дар воқеъ, Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд дар саҳро заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Соли равон барои барзгарони вилояти Хатлон пурфайз омад.
Пахтакорон ҳосили хуб парвариш карда расониданд ва ҳоло авҷи маъракаи ҳосилғундорист.
Кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа ба 15434,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,4 фоизро ташкил дода, 925,1 млн. сомонӣ афзуд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 106,3 фоиз ва дар соҳаи чорводорӣ 106,7 фоиз баробар гардид.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 849,1 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, пахта 133,4 ҳазор тонна, 211,2 ҳазор тонна картошка, 1300,1 ҳазор тонна сабзавот, 572,1 ҳазор тонна полезиҳо, 181340 тонна мевагиҳо ва 90652 тонна ангур истеҳсол гардида, ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулотҳои соҳаи растанипарварӣ ба 12658,3 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25047 тонна ғалладонагиҳо, 14785 тонна пахта, 64224 тонна картошка, 48878 тонна сабзавот, 440443 тонна полезиҳо, 7691 тонна мевагиҳо ва 2637 тонна ангур зиёд мебошад.
Умуман аз Меҳргон то Меҳргон дастовардҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон беҳтару бештар гардида, вазъи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон бо шукӯҳу тантана таҷлил намудани он ба ҳукми анъана даромадааст.
Зери вожаи Меҳргони тоҷикон, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст, маънои меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва шодию нишотро собит менамояд.
Бори дигар мардуми сарбалнду меҳнатқарини вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни нусрат, баракату шукуҳмандӣ ва пурфайзи Меҳргон сидқану самимона табрик гуфта, ба мардуми вилоят дастархони пурнозу неъмат, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва пирӯзию комгорӣ орзумандам.
Ҷашни Меҳргон хуҷаста бод!