Ҳамдиёрони азиз!

Собиқадорони гиромиқадр!

Дар марҳилаи нави давлатдории миллӣ мардуми Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олӣ ва стратегӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ҷаҳиши бузург намуда, зиндагии шоистаро насиб гардиданд.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда қарор дорад.

Саҳифаҳои таърих ҷонбозию қаҳрамонии миллати тоҷикро дар ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ дар хотираҳо ҷой додааст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо сабақомӯз аст.

Ҷавонони тоҷик дар солҳои 1941-1945 дар баробари дигар халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили фашизм бархоста, рисолати ватандории худро ба ҷо оварда, дар таъмини ғалаба саҳми муносиб доранд.

Имрӯз дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон аз 75-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқбол менамояд.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо, абармардони ҷангу меҳнат ва дар шахси шумо кулли мардуми вилоят ва Тоҷикистони азизро ба ифтихори Рӯзи Зафар самимона табрику муборакбод гуфта, сиҳатию саломатӣ, хушиҳои рӯзгору саодати ҳамешагиро орзу менамоям.

То имрўз аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти мо 57 нафарашон дар қайди ҳаёт мебошанд, ки таҳти ғамхории давлату Ҳукумати Тоҷикистон, шахсан Пешвои муаззами миллат, қарор доранд.

Дар назди онҳое, ки на танҳо Ватани мо, балки тамоми инсониятро аз даҳшати фашизм наҷот додаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки падарон ва бобоёни мо дар солҳои душвори баъдиҷангӣ меҳнати фидокорона намуда, хоҷагии халқи харобгардидаро барқарор намудаанд.

Бо ҷаҳду талошҳои ватандӯстонаи собиқадорон ва мардуми мамлакат дар як муддати кӯтоҳ харобиҳои ҷанг бартараф карда шуда, Ватан ба ободӣ ва муваффақиятҳои  бузург ноил гардид.

Ин саҳифаи таърихӣ бояд воситаи хуби таълиму тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наслҳои оянда ва дар рӯҳияи гиромидошти сулҳу салоҳ, меҳанпарастиву инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан бошад.

Ҷасорату қаҳрамонӣ, диловарию муҳаббати зиёди онҳо нисбат ба халқу диёр барои мо ва наслҳои минбаъда мактаби бузурги ватандӯстӣ аст.

Ҳар як насл дар назди таърих ва тақдири миллат вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва масъулияти маънавию ахлоқӣ дорад. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии меҳтарони ҷанг имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат аст. Зеро ин қишри ҷомеа солҳои беҳтарини умри худро ба озодию ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанг бахшидаанд ва қисми зиёди онҳо то ҳол дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар тарбияи насли наврас ҳиссагузор ва пешбарандаи сиёсати Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мову шуморо ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини шукуфоии Тоҷикистони азиз, истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолият ҳидоят менамояд.

Боварӣ дорам, ки собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят бо иштироку ибрати шахсӣ ва маслиҳату насиҳатҳои худ дар амалӣ гардидани ин масъулияти таърихӣ саҳми  намоён хоҳанд гузошт.

Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон аз рӯзгори пурмаҳсули собиқадорони ҷангу меҳнат ҳисси ватансозӣ ва ҳувияти миллиро омӯзад ва неруи худро барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Бо ҳамин нияти нек тамоми мардуми Хатлонро бори дигар бо 75-умин солгарди Рӯзи Зафар таҳният гуфта, ба Шумо саломатии бардавом ва рӯзгори осударо таманно менамоям.

 Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!