Ҳамдиёрони азиз!
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик падидаи муҳим ва дастоварди бесобиқае дар интиҳои асри бист ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурандешии хосаш дарк мекард, ки дур будани ҷомеа аз фарҳанги миллӣ мушкилоти ҳамаи корҳо, махсусан костагии маънавиёт мегардад. Гиромидошти фарҳанги миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Таърих собит сохтааст, ки ҳар қавму миллат ба арзишҳои фарҳангии худ ҳамеша ниёзманд аст, зеро ин махзани маърифат дар тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо нақши муҳим мебозад. Нобиғаҳои миллати мо ҳануз аз фарҳанги авастоӣ дар шаклгирӣ ва ривоҷи фарҳангҳои мухталифи ҷаҳонӣ нақши бузург доранд. Тоҷикон ба василаи сиёсати фарҳангӣ дарёфтанд, ки таърихи куҳан ва фарҳанги ғании онҳо ба ҷаҳоншиносӣ, тафаккур, мазҳаб, адабиёт ва асосҳои сиёсию иҷтимоӣ ба қадимтарин тамаддунҳои олам — юнонию румӣ, арабӣ ва монанди инҳо таъсири амиқ гузошта буд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки «Имрӯз тамаддунҳои нерӯманди ҷаҳонӣ фарҳангҳои заифу нотавонро аз байн мебаранд. Дар ҷарраёни ҷаҳонишавӣ ва замони ҳуҷуми фарҳангҳои бегона ҳамон миллате бо фарҳанги худ пойдору побарҷо мемонад, ки заминаҳои бешикасти илмию таърихии онро ҳифз намояд, аҳамияти амалии онро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардонад ва барои тавсеаю амнияти он содиқона талош биварзад».
Боиси тазаккур аст, ки татбиқи амали сиёсати фарҳангии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат бомаром ҷараён дошта, махсусан ба рушди «Шашмақом», ки ёдгории бегазанди санъати мусиқии миллати мо ба ҳисоб меравад, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ин шоҳасари мусиқӣ дар тули асрҳои зиёд таърихи дуру дароз дошта, бо хазинаи бебаҳои худ дар ҳаёти фарҳангиву маънавии миллати мо нақши бузурге дорад. Ҳазор сол қабл аз ин дар замири миллати фарҳангдӯсти тоҷик, садоҳои ҳунармандони хушилҳом ва оҳангҳои пурасрор зери унвони Ушшоқу Наво ва Бузруку Чоргоҳ бори аввал ба талқин омада буданд. Шоирону навогарони тоҷикро шукӯҳу азамати давлати тоҷикон — салтанати Сомониён ба илҳом оварда, дар савту навоҳои Шашмақоми тоҷик шеъри Рӯдакӣ ба рақс омад, ғазалҳои Анварӣ тароват пайдо намуд ва ба гӯши ҷаҳониён тавассути корвонҳои ҳунарии «Роҳи абрешим» нидои пурэъҷози мардуми мо танинандоз гардид. Ҳамин тавр сайри таърихии Шашмақом аз Бухоро то ба Ҳинду Чин ва Ироқу Мағриб оғоз меёбад.
Дар гаҳвораи фарҳанги мо — шаҳри Бухоро тамоми ин ҳазор сол сайри Шашмақоми тоҷик бо ҳама тароваташ идома ва нолаи танбуру санъати мақомхонӣ хомӯш нашуда, ташаккул меёфт. Ҳунарварон ва мусиқидонони барҷастаи асри XIX ва аввалҳои асри XX-и тоҷик Калхотӣ, Борух, Мирзо Отаҷони Танбурӣ, Отағиёс, Мирзо Нарзуллои Танбурӣ, Шодӣ Азизов, Домулло Ҳалим Ибодов, Лев Бабаханов, Хоҷа Абдулазиз, Содирхон, Бобо Шарифов, Умар Ҳофиз, Маъруфхуҷаи Баҳодур ва дигарон аз бузургтарин устодони Шашмақом буданд, ки тавассути онҳо Шашмақом то мо омада расидааст.
Таърих бо иқдоми фарзанди барумандаш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи заррини ин сайри ҳазорсоларо ба рӯи миллат кушод ва ниҳоят ин рӯзи муборак фаро расид. Дар баробари эҳёи муҳтавои фарҳангӣ – сиёсии давлати Сомониён ва симои Шоҳ Исмоил, ҳамчунин баробари оғози асри навин аз ҷониби фарзанди фарзонаи миллат Сарвари азизи давлатамон соли 2000 — ум фармони таърихие ба тасвиб расид, ки дар мазмуну ниҳоди он нияти олии эҳё, рушд ва дастраси кулли тоҷикон намудани мероси мусиқии классикӣ — Шашмақоми ҳазорсола ҷой гирифт. Яъне, ҳастии миллатро бо фарҳанг аз нав бедор намуд ва баҳри эҳёи фарҳанг роҳи наву васеъ кушод.
Соли 2003 аз тарафи ҷумҳурии Тоҷикистон Шашмақом ҳамчун шоҳкории мероси фарҳангии ғаримоддӣ ба феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО пешниҳод карда шуда, соли 2008-ум ворид карда шуд.
Маҳсули ҳамин иқдоми Президенти кишвар буд, ки Шашмақом чун акси садои дили ҳазорон фарҳангиёни тоҷик дар самои Тоҷикистони азиз аз нав ба хуруш омад ва бо ҳамин сайри нави таърихии ин шоҳасари мусиқӣ дар сарзамини мо оғоз гард.
Итминонам комил аст, ки барои рукни тавонои Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон боқӣ мондани мусиқии нозук ва пурнавои Шашмақом кулли мардуми Тоҷикистон ва махсусан аҳли ҳунар сайъ менамояд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба Шумо мардуми сарбаланди вилояти Хатлон ва аҳли ҳунари вилоятро ба муносибати таҷлили «Рӯзи Шашмақом» табрику таҳният намуда, рӯзгори осуда ва субботи кишварро таманно менамоям.