Меҳтарони ҷангу меҳнат, ҳамдиёрони азиз!
Мояи ифтихор ва сарбаландии мост, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои сулҳу оромӣ бо Шумо 74-солагии рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро истиқбол мегирем. Миллати кӯҳантаъриху тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём соҳиби фарзандони шӯҷоъ; аз ҷумла Темурмалику Муқаннаъ, Спитамен, Шераку Восеъ ва ҳазорҳо ҷанговарони далер буд, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар, манфиатҳои халқи меҳнаткаш ва нигоҳ доштани шараф ва асолати миллӣ истодагарӣ намуда, номашон дар таърих ҳамчун қаҳрамонҳои халқ сабт гардидааст ва то имрӯз ба некӣ ёдашон мекунем.
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ дар сангарҳои ҷангу майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки Ватани худро аз истилогарони фашистӣ ҳифз намуданд ва барои мо насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик ин қаҳрамониҳо ва корномаи бузурги дар ақибгоҳ будагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат кардаю ғалабаро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Боиси зикр аст, ки дар ин ҷанги даҳшатангез садҳо ҳазор ҳамдиёрони мо — родмардони Хатлонӣ иштирок намуда, дар торумор намудани фашизм хизматҳои арзанда намудаанд. Ифтихор аз он дорем, ки барои шуҷоату қаҳрамонӣ се нафар фарзандони Хатлонзамин бо ордени «Шараф» ва 19 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз карда шудаанд.
То имрӯз аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти мо 86 нафарашон дар қайди ҳаёт мебошанд, ки синну солашон аз 90-сола гузаштааст. Дар вилоят то имрӯз садҳо нафар шахсоне, ки дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҳнат кардаанд, зиндагӣ доранд, ки аз тарафи Ҳукумату Давлати Тоҷикистон ба онҳо нафақа ва имтиёзҳо ҷудо гардидааст. Ба оилаҳои дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бесаробонмонда низ нафақа пешбинӣ шудааст, ки дар вилояти мо чунин оилаҳо танҳо 2 оила боқӣ мондааст.
Бинобар ин насли имрӯза ба хотири ҷонфидоии онҳое, ки натанҳо Ватани мо, балки тамоми инсониятро аз даҳшати фашизм наҷот додаанд, сари таъзим фуруд меоварад.
Ҳаёт ва фаъолияти пуршарафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мову шуморо ба корҳои ободонию созандагӣ, таъмини гул-гулшукуфии Ватанамон — Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд.
Аз ин рӯ ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорон яке аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру буда, ин масъала ҳамеша дар мадди назари мо қарор дорад. Боиси тазаккур аст, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 апрели соли 2019, №107 бо мақсади расонидани кӯмаки яквақтаи молиявӣ ба 86 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои саробонашон дар ин ҷанг ҳалокгардида 129 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Имрӯз аз ҳазорон нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ шахсони ба шумор мондаанд, ки эҳтиром доштану қадршиносӣ намудани онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии ҳар яки мост. Кӯмаку ғамхорӣ ба шахсони зикршуда бояд ба як амали доимӣ ва рафтори ҳамешагиву инсондӯстонаи роҳбарони идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва тоҷирон табдил ёбад. Чунки, ҳар як насл дар назди таърих ва тақдири миллат вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва масъулияти маънавию ахлоқӣ дорад. Дар назди наслҳои имрӯзаву оянда вазифаи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ истодааст. Аз ҷумла, нигоҳ дошта тавонистани оини давлату давлатдории миллӣ, боз ҳам устувор намудани истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ масъулияти таърихии наслҳои имрӯзаву оянда аст.
Боварӣ дорам, ки ҷасуриву ғаюрӣ ва корнамоиҳои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ва маслиҳату насиҳатҳои онҳо дар амалӣ гардидани ин масъулияти таърихӣ саҳми намоён хоҳед гузошт.
Бо ҳамин ниятҳои нек мардуми сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 самимона табрик ва муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон фазои орому осуда, сиҳатию саломатӣ, хушиҳои рӯзгор ва барори корро орзу менамоям.
Иди Ғалаба муборак ҳамдиёрони азиз!