Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни ироаи сухани табрикии худ раиси вилоят ҳозирин ва кулли сокинони вилояти Хатлонро ба муносибати ин санаи бузурги таърихӣ табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддас – бахтномаи миллат умри ҷовидонӣ орзу намуданд.
Қайд гардид, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, давраи бисёр вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси на танҳо рукуди иқтисоди мамлакат, балки фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Аммо бо саъю талош ва заҳмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои заифшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ барқарор ва то ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон расид.
Тавре ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ёдовар гардиданд: “Қадами тақдирсоз дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти шакл ва сохти давлатдорӣ буд. Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро интихоб намуд, ки он ҳамчун ифодаи раъйи қатъии мардуми кишвар дар моддаи якуми Конститутсияи мо барои ҳамеша муқаррар гардидааст”.
— Басо фараҳафзост, ки ҳоло Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди низоми давлатдории интихобкардаи худ бо қадамҳои устувор пеш меравад, — идома доданд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки шакл ва сохти давлатдории мо интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам бо Конститутсия рукнҳои созандаи мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, иқтидори иқтисодӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонанд. Ба шарофати Истиқлолият ва тибқи Конститутсия, мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Қурбон Ҳакимзода изҳори итминони комил карданд, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарбаланду ваҳдатофари вилояти Хатлон, бо кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандории фарзандон ва барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба пешвози ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор гардида, барои зиндагии шоистаи мардум дар ҳамбастагӣ тамоми неруи худро равона менамоем.
Пас аз сухани шодбошии раиси вилоят барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорон зеббахши ҳамоиши тантанавӣ гардид.