Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорбинии фарҳангӣ бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Орифзода Муҳаммад доир гардид. Пеш аз оғози чорабини ҷоизаҳои бадастовардаи варзишгарон ба намоиш гузошта шуда, ки роҳбари дастгоҳи раиси вилоят аз ин дастовардҳо дидан намуд. Дар чорабинии мазкур роҳбари дастгоҳи раиси вилоят варзишгарон ва ҳозиронро бахшида ба Рӯзи варзишгарон аз номи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода табрику таҳният намуд. Қайд кард, ки Таҷлили имсолаи «Рӯзи варзишгарон» дар арафаи истиқбол аз 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30 солагии Иҷлосияи таърихии тақдирсози Шӯрои Олӣ рост омадааст, ки боиси фараҳмандии тамоми варзишгарони кишвар мебошад.
Қабл аз ҳама Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми парчам бардорони Ватан, ғолибони мусобиқаҳои байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, мураббиён ва собиқадорони соҳаро аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати «Рӯзи варзишгарон» ва «31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз сидқи дил муборакбод мегӯям. Ба якояки Шумо саодати рӯзгор ва пирӯзиҳоро дар набарду муқовиматҳои дар пеш истода таманно менамоям.
Беҳуда нест, ки варзишро дар ҳар давру замон ҳамчун қосиди сулҳ, фишанги асосии муттаҳидкунандаи ҷомеа, мустаҳкам созандаи риштаи дӯстию бародарӣ, муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ ва аз ҳама муҳим ташаккулдиҳандаи тарзи ҳаёти солим ва беҳдошти сиҳатии омма меноманд.
Ҳукумати кишвар варзишро ҳамчун муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳо самти афзалиятнок дар сиёсати имрӯзаи худ қарор додааст. Маҳз бо ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба рушди он тадбирҳои муассир дар кишвар амалӣ гардида истодааст.
Боиси сарфарозист, ки сол то сол дастовардҳои варзишии ҷавонони кишвар дар мусобиқоти минтақавӣ ва байналмилалӣ афзоиш ёфта, дар баробари баланд афрохтани парчами Тоҷикистони азиз дӯстӣ ва ҳамкориро на танҳо миёни варзишгарон, балки халқҳову давлатҳо рушд дода истодааст.
Шумо — варзишгарони сарсупурдаи ватан хуб медонед, ки баҳри ҳавасманд намудани Шумо аз соли 2015 инҷониб Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки ин таваҷҷуҳ ва ғамхории беназири Пешвои муаззами миллат дар самти дастгириҳои варзишгарони кишвар ба шумор меравад.
Танҳо ҳамин як дастури пешвои муаззами миллат дар хусуси дар зарфи 10 соли минбаъда дар тамоми деҳаҳое, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ доранд, бунёд кардани толорҳои варзишӣ кифоя аст ки дучанд машқу тамрин кунем ва номи Тоҷикистони азизро шӯҳратёр гардонем. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, самти варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол бесобиқа рушд намуда, баҳри фароҳам овардани шароити муносиби машқу тамрин тадбирҳои ҳадафманд роҳандозӣ гардида истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаро мавриди амал қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо пайваста чораҳои лозимӣ андешида мешавад.
Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони эҳсонкор бунёди иншооти зиёди варзишӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 августи соли 2022, 568 толори варзишӣ, 3162 майдончаи варзишӣ, 51 адад майдони бозии кӯдакон бо тамоми шароити муносиб, 40 варзишгоҳ дар хизмати дӯстдорони варзиш қарор доранд.
Варзишгарони вилоят дар 7 моҳи аввали соли 2022, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, аз ҷумла дар 5 мусобиқаҳои байналмилалӣ, 64 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 391медали тилло, 360 медали нуқра, 432 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1183 медал аз мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба даст овардаанд, ки боиси шодмонӣ ва ифтихор аст.
Дар охири чорабинӣ як қатор кормандони соҳа, собиқадорони соҳаи варзиш, муррабиёне, ки натиҷаҳои назарраси меҳнатиро сазовор гардидаан ва як зумра варзишгарони муваффақу ҷавон бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинии рангоранги фарҳангиёни вилоят ба ҳусни чорабинӣ таровати дигари идона бахшид, ки иштирокдорон ба фароғат ҷалб карда шуданд.