Дар Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ба муносибати Рӯзи шашмақом, ки ҳамасола 12 май таҷлил мешавад, чорабинии ҷашнӣ доир гардид.
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ аҳли ҳунар ва алоқамандони ин жанри мусиқии суннатиро аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода шодбош гуфта, қайд намуд, ки маҳз ҳамин бузургии санъати миллии шашмақом аст, ки дар радифи дигар арзишҳои муқаддасу миллии тоҷикон зери таваҷҷуҳи хоси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор ёфт ва ҷиҳати рушду камоли ин санъати миллӣ ва бузургдошти шашмақом ба ҳайси як рукни абадзиндаи миллат ҳамчун достони муҳташами савту калом соли 2000-ум мақоми давлатиро касб карда, то ба имрӯз ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат шашмақом на танҳо мавриди пажуҳиш, омӯзиш қарор гирифта, ба як мактаби бузурги камолот табдил ёфтааст, балки бо саъю талоши Роҳбари давлат шоҳкории мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО дар соли 2003 пешниҳод гардида буд.
Баъди омӯзиш ва тадқиқотҳои олимон соли 2008-ум шашмақом ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шуд, ки бори дигар шуҳрати санъати миллии тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули ин жанри миллӣ мароқи хоса зоҳир намуда, бобати эҳё ва идомаи мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, ҳунармандон дастгирӣ меёбанд.
Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли “Шашмақом” фаъолият дорад, ки ҳунармандони он ба ҳама тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд ва нақши онҳо баҳри баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, тарбияи насли наврас дар ҷодаи мақомхонӣ рушди ёдгории бегазанди санъати мусиқии «Шашмақом» беназир аст.
Итминони комил аст, ки шашмақом чун рукни таърихи миллат аз насл ба насл гузашта, фасеҳтару қавитар мегардад ва чун арзиши миллӣ умри ҷовидона хоҳад ёфт.
Бигузор доимо дар фазои сулҳу суботи меҳан ёдгории бегазанди санъати мусиқии миллат — Шашмақом танинандоз бошад.
Пас аз ироаи сухани табрикӣ ба як зумра ҳунарпешаҳои ансамбли «Шашмақом», барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар, иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбияи мутахассисон Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ҳамоиши идонаро барномаи ҷолиби фарҳангии аҳли ҳунар ҳусну шукӯҳ бахшид.