Рӯзи 24 ноябри соли ҷори дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ бо ҷилваи рангҳои сурху сафеду сабз баҳористони бехазони зиндагиро мемонд.
Хонаву коргоҳхо, хиёбону майдонҳо ва сутунпояҳои шоҳроҳҳо бо пачамҳои хурду бузург оро дода шуда буд. Сокинони ин сабзшаҳри бехазон фавҷ-фавҷ ба ҷониби хиёбони поягузори аввалин давлати тоҷикон – хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ раҳсипор буданд. Зеро дар ин хиёбон зиёда аз 12 ҳазор роҳпаймоён ҷамъ омада ба роҳпаймоӣ омодагӣ медид.
Пеш-пеши роҳпаймоён мотосиклҳо бо парчамҳои орододашуда ҳаракат мекарданд. Роҳбарияти шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, собиқадорони башардуст, чернобилчиён,ки пеши синаи онҳоро ордену медалҳо оро медод, шукӯҳмандии роҳпаймоиро меафзуд.
Мавҷи парчами асосӣ, ки 200 метрро ташкил медод, ба насли ҷавон мардонагиву шуҷоатмандӣ ва ифтихори ватандориву меҳанпарастиро меомӯзонид.
Донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷмети инноватсионӣ, коллеҷи тиббиву омӯзгорӣ, иқтисодӣ, литсейҳои касби техникӣ, муассисаҳои таълимӣ, сохтмончиёну кишоварзон ҳар кадом бо чеҳраи кушода ва руҳияи болида дар даст парчамҳои хурду бузург бо ифтихормандӣ ва болидахотирӣ аз пушти ҳам мегузаштанд.
Роҳпаймоӣ дар назди Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб анҷом ёфта қисмати тантанавии чорабинӣ бо пахши Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Раиси шаҳри Кӯлоб ҳозирин ва сокинони шаҳри Кӯлобро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо бахту саодат, осоиши рӯзгор ва бурдбориҳои бепоёнро орзу намуд.
Бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон як зумра фаъолон бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи ҳунарии ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, коллеҷи санъати шаҳр, театри мазҳақа-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода , ансамбли этнографии «Фалак» ба ҳозирин фароғату болидахотирӣ бахшид. Мушоҳида мегашт, ки иштирокдорони ҳамоиш аз таронаҳои дилошуб ба завқ омада, шодии дили худро пинҳон накарда, бо раққосаҳо мерақсиданд.
Хуллас роҳпаймоии умумишаҳрӣ, чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи ватандустиву бедории ҳуввияти миллии ҷавонону наврасон нақши муҳиме боқӣ гузошт.