Дар шаҳри Бохтар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, ки ҳар сол 24 ноябр ба ин санаи таърихӣ бахшида мешавад. Дар ин чорабинии сиёсӣ-оммавӣ масъулони давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шаҳрвандон иштирок доштанд.
Тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳпаймоӣ оғоз ёфт. Дар ин чорабинӣ ҳазорҳо нафар хонандагону донишҷӯён, кормандони касбу кори гуногун ва умуман шаҳрвандон аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Бохтар ҷониби майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қадам заданд.
Дар доираи чорабиниҳо ба хотири гиромидошт аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури ҷамъомадагон масъулони давлатӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба чунин руйдоди фараҳбахш табрик намуданд. Дар ин зимн таъкид шуд, ки эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихории аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз алвонҷи он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар, доимо пойбарҷо бошад.
Дар назди пояи Парчами давлатӣ, ки дар шаҳри Бохтар бо баландии 65 метр қад афрохтааст, чорабинии фарҳангӣ доир шуд, ки дар доираи он мактабачагон парчамҳои хурду бузургро алвонҷ дода, ба ҷашн шукуҳ бахшиданд. Дар қисмати охири чорабинӣ баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли ҳунару санъат раќсу суруд пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Мазмуни сурудҳои барномаи идона аслан таърихи пайдоиш ва моҳияти парчамдориро ифода мекард.
Бар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ Парчам-яке аз рамзи давлатӣ аст, ки дар Конститусия ба он ишора рафтааст. Сиёсатшинсон мегӯянд, ки Парчам нишона аз истиқлолияти миллӣ ва таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дошта, дар аввалин давлатҳои таъсисдодаи гузаштагони мо парчамдорӣ асоси ҳастӣ ва пешбурди корҳои давлат ба ҳисоб мерафт, ки ин суннат дар давраҳои минбаъда низ бо риояи расму таомули хоси миллӣ идома пайдо кардааст».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба он ҳамчун яке аз рамзи давлатӣ дар сатҳи олии қонун қарор дода шудааст. 24 ноябри соли 2009 мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бори нахуст ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.