Чорабинии идонаи рӯзи милитсияи тоҷик бо ворид кардани парчами миллӣ оғоз гардид.
Масъулини раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон роҷеъ ба роҳи тайкардаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санаи таҷлили ин иди барои низомиён хуҷаста изҳори андеша карда, ҳама дастовардҳои аҳли мақомотро аз дасггирии Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуданд.
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини осоиши мардум вазифаи муқаддаси ҳар як корманди мақомот аст.
Милитсияи тоҷик дар даврони гуногуни зиндагӣ содииқонаву самимона баҳри суботи ҷомеа ва якпорчагии ватани азиз хидмати беғараз мекунанд.
Дар ҷамъомад аз таҷрибаи собиқадорони соҳа ва садоқату далерии онҳо дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ёдоварӣ карда шуд.
Осоиши амнияти ҷомеа ва ҷараёни омӯзандаи зиндагӣ аз таҷрибаву малакаи касбӣ ва мардонагии аҳли мақомот вобастагӣ дорад.
Анъанаи сарсупурдагии онҳо баҳри оромии ҷомеа маълум аст.
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, имкони хуби мубориза ба ҳар гуна ҷиноятро доранд.
Матонат ва ҳисси баланди кормандон дар вазъи таъғирёбандаи ҷаҳон, ифротгароӣ ва муборизаи беамон алайҳи ҳама зуҳуроти номатлуб хуб мушоҳида мешавад.
Имрӯз милитсияи тоҷик боварии Сарвари давлатро сазовор гардида, то охирин нафас ба ин эътимод содиқу вафодор хоҳанд монд.
Роҳбарияти вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҳозирин ва аҳли мақомотро аз номи Пешвои муаззами миллат ба рӯзи милитсия самимона шодбошӣ гуфтанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, хидматҳои эшонро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҳамчун рамзи садоқат ва далериву шуҷоатманди қадр мекунад.
Дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуҷоати милитсияро бештар карда, онҳо қодиранд дар ҳар вазъияти низоъ ҷони худро дареғ надоранд.
Давлату ҳукумат тавассути милитсия бар зидди ҳама гуна ҷиноят мубориза бурда, пешрафти иқтисодӣ иҷтимоиро миёни ҷомеа кафолат медиҳанд, ки сарманшаи ин ҳама ба ҷоннисориҳои низомиён вобаста аст.
Тавре ишора гардид, акнун ҳайати шахсӣ ва аҳли мақомотро зарур аст, ки масъулияти дӯстдории Ватан ва ҳушмандиву зиракии сиёсиро бештар дарк кунанд ва малакаи касбии хешро тақвият бубахшанд, чаро ки таъмини волоияти қонун, манфиатҳои миллату давлат, ҳимояи дастовардҳои мардуми кишвар аз маҳорати волои онҳо вобаста аст.
Дар фазои идона ба кормандони фаъол барои хидматҳои сазовор дар амну суботи ҷомеа, ҳамчунин ба шарафмандии рӯзи милитсияи тоҷик ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ба оилаҳои нафарони дар муборизаҳои таъмини суботи ҷомеа фавтида кумакҳои пулӣ расонида шуд.
Ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо пешниҳоди барномаи ҷолиби мусиқӣ ва рақсу таронаҳои ҷолиби Ватанпарварона хотири ҳозиринро болида гардониданд.