Имрӯз, 1 сентябр, дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ” шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, ҳайати омӯзгорону хонандагон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил карда шуд.
Зимни оғози чорабини раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ба сухан баромада ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари ҷумҳури ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати кишвар ба аҳли илму маориф мебошад. Ин анъанаи некест, ки омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти вилояти Хатлонро ба сӯи дастоварду комёбиҳои нав раҳнамоиву дилгарм месозад.
Сипас раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон аз шароиту имконот ва раванди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби хусусии инноватсионӣ” шаҳри Бохтар дидан ба амал оварда бо хонандагону омӯзгорон сӯҳбати гарму самими намуданд.
Муассисаи мазкур санаи 27-уми октиябри соли 2021 бо иштирки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, он барои хонандагон беҳтарин шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамин муассиса раиси вилояти Хатлон, маорифчиён ва хонандагон баромад ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Синои шаҳри Душанбе мустақиман тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиои сурат гирифт бо як таваҷҷуҳи хосса тамошо намуданд.