Шоми имрӯз, 21 март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло доир гардид.
Нахуст, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баромад намуда, изҳор дошт, ки имрӯз ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагии диёр, бо рӯҳияи баланди идона таҷлил намуда, онро чун ҷашни зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ, ободониву созандагӣ азизу гиромӣ медорем.
— Фарорасии ҷашни суннатии ниёгонамон – Наврӯзи ҳумоюнқадамро, ки дар замири худ ҷавҳари некӣ, саховат, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонию ҷисмонӣ ва созандагию бунёдкориро дорад, ба кулли сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона шодбошу таҳният мегӯям, — афзуд Д. Саид Раиси вилояти Хатлон.
Ҳунармандону овозхонони вилоят ҳамоиши ҳунарии фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд.