Ба истиқболи чашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар чорабинии вилояти бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят ва шаҳри Бохтар чорабинии тантанави ва барномаи фарҳанги баргузор гардид.
Дар ибтидо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирокчиёни ин тадбири муҳимро табрику таҳният гуфта, иброз дошт ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзи саид расиданд. Раиси вилоят ҳамчунин иброз дошт, ки сабру таҳаммул донишу таҷриба ва малакаи корбарии Пешвои миллат буд, ки баъди Истиқлолият бузургтарин дастовардҳоро миллати мо соҳиб шуд. Рушди тамоми соҳаҳо беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии мардум аз баракати Ваҳдат аст.
Таҳкими минбаъдаи Ваҳдати миллӣ ба сарҷамъию иттиҳод, зиракии сиёсӣ, илму дониш ва садоқат мову Шумо ба арзишҳои миллию давлатӣ вобастааст, гуфт зимни баромади хеш раиси вилояти Хатлон.
Барномаи фарҳангии аҳлу ҳунари вилоят ва ҷумҳурӣ ба чорабини тароват бахшид.