Имрӯз дар шаҳри Бохтар ба муносибати ҷашни миллии бостонии Сада ҳамоиши мутантан барпо гардид.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳаш аз намоиши дастовардҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, ҳунарҳои миллию мардумӣ дидан намуданд.
Дар толори театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷамъомади идона идома ёфт. Раиси вилоят аҳли толор ва тамоми сокинони вилоятро ба муносибати ҷашни Сада табрику таҳният гуфта, барояшон рӯзгори бофайзу пурбаракат таманно кард.
Қайд гардид, ки ба муносибати иди Сада, ки ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорост, чорабиниҳои фарҳангӣ бо сурудани савту садоҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, машқҳои варзишии халқӣ, намоиши гулу ниҳолҳо ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд ва мардуми Хатлонзамин дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ ин ҷашнро таҷлил менамоянд.
Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд”.
— Дар чунин рӯзи фараҳбахшу бошукӯҳ ба забон овардани дастовардҳои кишоварзони вилоят албатта боиси болидарӯҳии кишоварзон мегардад, — изҳор дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Кишоварзони вилоят соли 2020 аз ҳамаи имкониятҳо самарабахш истифода бурда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 426,3 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 130,6 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида, дурнамои пешбинишударо барзиёд таъмин намуданд.
Бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи агротехникаи зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар вилоят 985,3 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 277,2 ҳазор тонна пахта, 1 миллиону 471 ҳазор тонна сабзавот, 193,3 ҳазор тонна картошка, 589,1 ҳазор тонна полезӣ, 209,1 ҳазор тонна мевагиҳо, 107,5 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд, ки ба истиснои истеҳсоли картошка, истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, нисбати соли 2019-ум 1,3 то 20,4 фоиз афзоиш ёфт. Дар натиҷа, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 16 миллиарду 985 милион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он 9,5 фоизро ташкил медиҳад.
Қобили қайд аст, ки саҳми кишоварзони вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ гардида, 48,0 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80 фоизи полезӣ, 64 фоизи ғалладонагиҳо, 60 фоизи пахта, 57 фоизи сабзавот, 65 фоизи пашм, 57 фоизи гӯшт, 50 фоизи шир, 43 фоизи меваю ангурро дар сатҳи ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии кишоварзон мебошад.
Дар баробари зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, содироти он низ ба хориҷи кишвар зиёд гардида, аз ҳудуди вилоят 108,0 ҳазор тонна, аз ҷумла 92,3 ҳазор тонна сабзавот ба хориҷи кишвар содирот карда шуд, ки 120,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
— Айни ҳол кишоварзони вилоят тамоми имкониятҳои худро бояд ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани шудгор, кишту кори баҳорӣ, бунёди боғу токзорҳо, яхобмонӣ, обшӯйкунии шӯразаминҳо ва обмонии захиравӣ сафарбар намуда, дурнамои таркиби кишти зироатҳои кишоварзиро риоя ва таъмин намоянд, — идома дод Қурбон Ҳакимзода.
Дар охир аз ҷониби раиси вилоят ба 55 нафар мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон