Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросими ҷамъбасти натиҷаи озмуни вилоятӣ барои муайян намудани «Беҳтарин шаҳраку деҳот» дар соли 2020 барпо шуд.
Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами онҳо ба дигарон, муаррифии онҳо дар назди ҷомеа, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ дар вилояти Хатлон доир шудааст.
Тибқи Низомномаи озмун бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани “Беҳтарин шаҳрак ва деҳот” дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла, кӯча ва оилаи беҳтарин гузаронида шуд.
Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо 1561 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия иштирок намуданд. Инчунин дар марҳилаи дуюми озмуни вилоятӣ барои муайян намудани беҳтарин оила, деҳа ва деҳот дар Ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳо ва беҳтарин оила, кӯча, маҳалла ва шаҳраки дар Ҷамоатҳои шаҳраки шаҳру ноҳияҳо довталабон пешниҳод шуда буданд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида марҳилаи якуми озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо то 1 ноябри соли 2020 ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмун Диплом, Ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 200 то 6000 сомонӣ супурда шуд.
Омӯзиши Комиссияи вилоятӣ нишон дод, ки Низомномаи озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо риоя гардида, дар доираи он корҳои назарраси ободонӣ, сохтмону бунёдкорӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ва тозаю озода намудани маҳалли зистро анҷом доданд.
Дар вазъияти тантанавӣ Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода мукофотҳои муайнгардидаро ба ғолибон тақдим намуданд.
Ғолибони озмун аз рӯйи номинатсияҳои “Ҷамоати шаҳраки беҳтарин”, “Ҷамоати деҳоти беҳтарин”, “Деҳаи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин”, “Оилаи беҳтарин” аз ҷамоати шаҳрак, “Оилаи беҳтарин” аз ҷамоати деҳот бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ (ҷойи якум), 4000 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 2000 сомонӣ (ҷойи сеюм) қадрдонӣ гардиданд.
Ғолибони номинатсияи “ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН”
Ҷойи якум: Ҷамоати шаҳраки «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ (Дипломи дараҷаи 1 ва 6000 сомонӣ мукофот)
Ҷойи дуюм: Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ноҳияи Кӯшониён (Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ 4000 сомонӣ)
Ҷойи сеюм: Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус (Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ 2000 сомонӣ).
Ғолибони номинатсияи “ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БЕҲТАРИН”
Ҷойи якум: Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарипов аз ноҳияи Данғара (Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ 6000 сомонӣ)
Ҷойи дуюм: Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш (Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ 4000 сомонӣ)
Ҷойи сеюм: Ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун (Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ 2000 сомонӣ).
Ғолибони номинатсияи “ДЕҲАИ БЕҲТАРИН”
Ҷойи якум: деҳаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣаз ноҳияи Хуросон (Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ 6000 сомонӣ)
Ҷойи дуюм: деҳаи Ориён аз Ҷамоати деҳоти «Фархор»-и ноҳияи Фархор (Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ 4000 сомонӣ)
Ҷойи сеюм: деҳаи Тудабоён аз Ҷамоати деҳоти «Чубек»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ 2000 сомонӣ).
Ғолибони номинатсияи “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН”
Ҷойи якум: маҳаллаи Исмоили Сомонӣ аз шаҳри Кӯлоб (Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ 6000 сомонӣ)
Ҷойи дуюм: маҳаллаи Умари Хайём аз шаҳри Бохтар (Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ 4000 сомонӣ)
Ҷойи сеюм: маҳаллаи “Бошқалъа” аз ноҳияи Қубодиён (Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ 2000 сомонӣ).
Ғолибони номинатсияи “КӮЧАИ БЕҲТАРИН”
Ҷойи якум: кӯчаи Мирзо Турсунзода аз Ҷамоати шаҳраки «Ёвон»-и ноҳияи Ёвон (Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ 6000 сомонӣ)
Ҷойи дуюм: кӯчаи Ҳайдаров Маҳмудалӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ 4000 сомонӣ)
Ҷойи сеюм: кӯчаи Борбад аз шаҳри Левакант (Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ 2000 сомонӣ).
Ғолибони номинатсияи “ОИЛАИ БЕҲТАРИН” аз ҷамоати шаҳрак
Ҷойи якум: оилаи Одинаев Абдулфаёз аз ноҳияи Муъминобод (Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ 6000 сомонӣ)
Ҷойи дуюм: оилаи Ёров Абдулло аз шаҳри Норак (Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ 4000 сомонӣ)
Ҷойи сеюм: оилаи Қаюмов Ҷумъахон аз ноҳияи Темурмалик (Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ 2000 сомонӣ).
Ғолибони номинатсияи “ОИЛАИ БЕҲТАРИН” аз ҷамоати деҳот
Ҷойи якум: оилаи Раҳимов Маҳмадалӣ аз ноҳияи Ховалинг (Дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ 6000 сомонӣ)
Ҷойи дуюм: оилаи Одинаев Гулмат аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ 4000 сомонӣ)
Ҷойи сеюм: оилаи Ҳақназаров Ғозӣ аз ноҳияи Панҷ (Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ 2000 сомонӣ).
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон