Рӯзи 10 декабри соли равон дар рӯзи ҷашни 70-солагии зодрӯзи яке аз шахсиятҳои ватандӯст, инсонпарвар ва ҷонфидои ватани азизамон ходими давлатию сиёси Авзавлов Ѓайбулло Сайидович ба шуъбаи нусхаҳои ҳатмии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин 4-нусха 2-намуд китобҳои тозанашр, таҳти унвонҳои «Дар талоши номи нек» ва «Марди хирад» аз ҷониби муалифон, мураттиб ва муҳаррирон Карим Давлат, Азиз Авзалзода ва Сайдқул Шомалангзода туҳфа гардид.
Китобҳои «Дар талоши номи нек» ва «Марди хирад» тарҷумаҳолӣ буда оид ба ҳаёту зиндагӣ ва сарнавишту қисмати яке аз фарзандони фарзонаи миллат Авзавлов Ѓайбулло Сайдович қисса мекунад.
Бояд қайд намуд, ки дар ин китобҳо мақола ва хотираҳои неки шахсиятҳои намоёни давлати ва илму фарҳанг гирд оварда шудааст.
Китобҳои «Дар талоши номи нек» ва «Марди хирад» хонданибоб ва сабақомӯзу ибратбахш буда ба оммаи васеи хонанда барои мулолиа пешниҳод гардонида мешаванд.