Имсол картошкапарварони навоҳии минтақаи Кӯлоб дар майдони 3140 гектар кишти картошка гузаронида, акнун ба ҷамъоварии он оғоз намуданд.Нахуст шуда картошкапарварони ноҳияи Фархор ба маъракаи ҷамъоварии ҳосил шурӯъ карда, маҳсули ранҷи хешро пешкаши муштариён сохтанд.Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Муъминобод аз ҳама беш, яъне дар майдони 1000 гектар картошка кориданд, ки ин нишондод дар нисбати соли хоҷагии гузашта то андозае зиёд аст. Ҳамин тариқ ноҳияи Данғара дар ҳаҷми 500 гектар, Ховалинг дар майдони 400 гектар, Фархор 200, Кӯлоб 150, Восеъ 170, Балҷувон 230, Ҳамадонӣ 190 ва Шамсиддин Шоҳин дар масоҳати 150 гектар картошка кишт намуда, алҳол аксари ноҳияҳои мазкур, ба рафти ҷамъоварии маъракаи ҳосил суръат бахшида истодаанд.