Дирӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссарҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Дар ҷаласаи корӣ рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, оид ба коргоҳу корхонаҳои дузандагии адрасу атлас, чакан дар ҳудуди вилоят ва таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ, рафти иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП 1059 бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оиди масъалаи якум муовини раиси вилоят Раҷабов Р. баромад намуда аз рафти иҷрои нақшаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Мавсуф қайд намуд, ки иҷрои фармони мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дошта, нақшаи даъват то 22 апрели соли ҷорӣ 56,6 фоиз иҷро гардидааст.

Қайд карда шуд, ки ноҳияи Носири Хусрав аз аввалинҳо шуда нақшаро иҷро намуд, ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Балҷувон ва шаҳри Левакант бошад рӯзҳои наздик нақшаи мазкурро иҷро менамоянд.

Вобаста ба масъалаи дуюм муовини раиси вилоят Зоҳирзода У. баромад намуда, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини хонандагон бо сару либосҳои мактабӣ ва истеҳсоли он дар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии ҳудуди вилоят корҳо бо маром идома дошта, шартномабандӣ миёни корхонаҳо бо муассисаҳои таълимӣ, ки 364537 ҷуфт сару либоси мактабиро ташкил медиҳад, рафта истодааст, ки то ин дам 96 фоиз, яъне 348637 ҷуфт либос шартномабандӣ шудааст.

Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП 1059 бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилоят Қурбонзода А. баромад намуда, таъкид намуд, ки қарори раиси вилоят қабул шуда, дар сар то сари вилоят корҳои ободонию созандагӣ муташакилона идома дорад. Дар ҳудуди вилоят то соли 2021 шаш ҳазору 226 адад иншоотҳо сохта мешавад, ки аз ин шумора 1714 ададш то имрӯз ба истифода дода шудааст. Айни замон дар 2402 иншотҳои гуногун корҳо рафта истода, то охири сол ба истифода дода мешаванд. Боқимонда корҳо дар оянда ба нақша гирифта шудааст.

Сипас, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон оиди масъалаҳои мазкур иброз андеша намуда, таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилоят ва дастуру супоришҳои дода шуда дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2019, ба хусус иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръат бахшидан ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, диққат додан ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иншотҳои сохташаванда, тезонидани духти либосҳои мактабӣ дар коргоҳу корхонаҳои маҳалӣ ба масъулини дахлдор дар муҳлати муайян гардида, дастуру супоришҳо доданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here