Дар маҷлиси назоратии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода барои омодагӣ ва таҷлили «Рӯзи Президент» ва ба истифода додани агрегати якуми НБО-и «Роғун» муовинон, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ масъул гардиданд. Гуфта шуд, ки барои омодагӣ қарори раиси шаҳр ба тасвиб расидааст ва дар ин асос нақша – чорабинӣ тасдиқ гардида, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шуданд.
Насби шиору овезаҳо оид ба «Рӯзи Президент» ва баистифодадиҳии агрегати якуми НБО-и Роғун назди даромадгоҳи шаҳр ва дигар гӯшаву канор, назди ташкилоту муассисаҳо ба нақша гирифта шуд. Илова бар ин, муовинони раиси шаҳр ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар доир намудани Конференсияи илмӣ вобаста ба «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон» масъул гардиданд. Ташкил намудани вохӯриву мулоқотҳо бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллаҳо оид ба мавзӯъҳои болозикр, баргузор намудани маҳфилҳо бо шоирон, адибон, собиқадорони меҳнат, гузаронидани маҷлисҳои тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ташкили корҳои ободонию созандагӣ, ороиши биноҳо, иваз намудани шиору навиштаҷоти куҳна ва парчамҳои рангашон хирашуда, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, омода намудани барномаҳои фарҳангӣ дар назди майдони Парчам, Кохи Лоҳутӣ, Ҷ. Румӣ ва маҳаллаи Хатлон низ дар нақша ҷой дода шудааст. Чорабинӣ назди Кохи Ватан ва маҷмааи Ваҳдат бо мусоидати ҲХДТ дар шаҳр 500 нафар бо шиору овезаҳо, 300 адад парчами хурду калон, бахши ҷавонон 1000 нафар, коллеҷи омӯзгорӣ 500 нафар, коллеҷи аграрӣ 500 нафар, коллеҷи тиббӣ 1000 нафар ЛКТ 500 нафар бо 500 парчами хурду калон, шуъбаи маориф 5000 нафар бо 1000 адад парчам, кормандони соҳаи тиб 500 нафар бо 200 адад парчам доир хоҳад гашт.
Ҳамзамон барои омода намудани варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар: саҳна, призматрон, ҷойи нишасти меҳмонон ва ороиши он бо гулҳои тару тоза шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр масъул гардид. Дар умум барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур роҳбарони кормандони ташкилоту муассисаҳо вазифадор шуданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ташкили ҳамоиш бо иштироки ҷавонону наврасон аз майдони Парчам то варзишгоҳи Пахтакор бо теъдоди 3000 нафар бо шиору овеза ва парчамҳо, намоиши аксҳо, асарҳо ва китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар даромадгоҳи варзишгоҳи Пахтакор ба нақша гирифта шудааст.
Барои омода намудани кӯчаву хиёбон, биноҳои идора, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ва варзишгоҳи шаҳр, таъмини тозагӣ ва ба қоидаҳои гигиенӣ ҷавобгӯ будани маҳалли баргузории чорабинӣ, таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар самтҳо, таъмини автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ва кормандони соҳаи тиб дар маҳалли баргузории чорабинӣ, таъмини ҳолати бехатарии зидди сухтор дар маҳалли баргузории чорабинӣ, назорати таъмини бефосилаи қувваи барқ ва ташкили таҷҳизоти тақвияти овоз дар ҷойи баргузории чорабинӣ, омода ва пахши барномаҳо тариқи воситаи ахбори омма аз ҷараёни баргузории чорабиниҳои болозикр чораандешӣ мегардад.
Итминон меравад, ки чорабиниҳои номбурда дар сатҳи лозима ва хотирмон баргузор мешаванд.