Боиси хушнудист, ки бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои рушд, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорию муомилот байни истеҳсолкунандагон, коркард ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар афзун намудани имконияту иқтидор, инчунин ҳаҷми содироти маҳсулот, бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Форуми байналмилалии тиҷоратии имруза бо номи “Бохтарфуд — 2021” дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар доир гардида истодааст.
Ташрифи Шумо меҳмонони гиромиро ба вилояти Хатлон хайрмақдам гуфта, барои иштирокатон арзи сипос ва ба кори Форум барору муваффақият таманно дорам.
Ҳамзамон, миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва баргузор намудани ин чорабинии муҳим изҳор менамоям.
Маврид ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 апрели 2021) таъкид намуданд, ки “Имкониятҳои истифоданашудаи рушди содироти молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ хеле зиёданд ва бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои содироти молу маҳсулоти ватанӣ дар доираи занҷираи «ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш» таҷрибаи ҷаҳониро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати татбиқи он дар кишвар тадбирҳои заруриро амалӣ созем”.
Боварии комил дорам, ки Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва Намоишгоҳи “Бохтарфуд-2021” барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо байни соҳибкорон ва рушди содироти молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру тамоюли содиротидошта, таъминоти корхонаҳои коркард бо ашёи хом ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҳиссаи комплекси агросаноатӣ нақши муҳим ва калидӣ дорад.
Бояд қайд намуд, ки вилояти Хатлон, яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дорои имконияту иқтидорҳои васеъи истеҳсолӣ мебошад.
Тибқи маълумотҳо оид ба натиҷаи соли гузашта, нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 22,8 млрд сомонӣ расида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ 26,8 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла бо назардошти мавҷудияти имконият ва захираҳои зиёди обу замин ва шароити мусоиди иқлим, соҳаи кишоварзии вилоят рушд дошта, дар миқёси ҷумҳурӣ ҳиссаи кишоварзони вилояти Хатлон дар маҷмӯи умумии кишоварзӣ 51 %, дар истеҳсоли ғалладонагиҳо 63 %, пахта 68 %, сабзавот 59 %, аз ҷумла пиёз 64 %, полизиҳо 78 %, меваю ангур 45 фоиз, гушт 57 %, шир 51 % ва моҳи 71 фоизро ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар вилоят 986 ҳазор тонна ғалладона, 277,2 ҳазор тонна пахта, наздик 1,5 млн. тонна сабзавот, 589 ҳазор тонна полезӣ, 209 ҳазор тонна меваҷот ва 108 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид.
Ҳамчунин, дар вилоят зиёда аз 327 гектар гармхонаҳои лимупарварӣ мавҷуд буда, тибқи ҳисоботҳои оморӣ, соли гузашта 6500 тонна лимӯ истеҳсол карда шудааст.
Барои захираю нигоҳдории маҳсулот, дар вилоят 55 адад сардхонаҳо бо ғунҷоиши 20 ҳазор тонна мавҷуд буда, омодаи кор мебошанд.
Дар соҳаи чорводорӣ бошад, ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ зиёда аз 1 млн сар моли калон ва 2,5 млн сар моли майда парвариш гардида, масоҳати ҳавзҳои моҳипарварии вилоят 2155 гектарро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар самти занбӯриасалпарварӣ дар шумораи оилаҳои занбӯри асал 62 ҳазор оиларо ташкил дода, минтақаҳои наздикӯҳии вилоят барои рушди занбӯриасалпарварӣ мусоид ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози экологӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад.
Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки вилояти Хатлон барои ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, гушту шир ва асали табиӣ, махсусан истеҳсоли консерваҳо, хушконидан, банду баст ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаю табии ватанӣ захираҳои зиёд мебошад.
Дар ҳудуди вилоят 3 митақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла “Данғара” дар ноҳияи Данғара, “Панҷ” дар ноҳияи Ҷайҳун ва “Кӯлоб” дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дошта, ҷиҳати амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят саҳми арзанда доранд.
Мақсади асосии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ин рушди иқтидори иқтисодӣ бо роҳи ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Бояд қайд намоям, ки вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад буда, дорои имконияти зиёди содиротӣ мебошад.
Айни замон дар вилояти Хатлон 37 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 460,0 млн. долларро ташкил дода, ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона гардидааст.
Танҳо дар 4 моҳи соли ҷорӣ ба вилоят 1,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 75,0 ҳазор долларро сармояи мустақим ва 1 млн.354 ҳазор долларро дигар сармоягузориҳо ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ ба қаламрави вилоят 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз он 1,3 миллиардро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Имрӯз, вилояи Хатлон бо 38 давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2020-ум 308,5 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, дар 4 моҳи соли ҷорӣ ба 148,3 млн. доллар баробар гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 млн. доллар зиёд мебошад.
Дар самти саноат, ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, бо истифода аз тамоми имкониятҳо фаъолият ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ наздик 9 млрд. сомониро ташкил дода, дар он ҳиссаи саноати коркард 48,2 фоиз мебошад. Ҳамзамон, соли сипаригардида дар вилоят истеҳсоли 16 номгӯи маҳсулотҳои нав ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли зиёда аз 100 номгӯи маҳсулоти саноатӣ аз 104% то 6 маротиба зиёд таъмин гардид.
Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо соли гузашта 91 адад корхонаю коргоҳҳо таъсис дода шуда, дар соли ҷорӣ бошад аз 61 адад корхонаю коргоҳҳои пешбинишуда 28 адад бо 200 ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон итминони комил дорад, ки баргузории чорабиниҳои имруза ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии вилоят, махсусан дар самти рушди соҳибкорӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корию шуғлнокии аҳолӣ ва дар ин замина ба истифодаи самараноку оқилонаи захираю имкониятҳои мавҷуда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят саҳми назаррас мегузорад.