Дӯстони азиз!
Иштирокчиёни «Дави миллӣ»!
Имрӯзҳо кулли мардуми кишвар бахусус аҳолии вилоят дар омодагӣ ба ҷашнгирии саннаи фархунда, таҷлили 21 – солагии рӯзи «Ваҳдати миллӣ», «27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ_Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон рӯзи 12 майи соли равон баён доштанд, бо дили гарму азми қавӣ кору фаъолият доранд.
Баргузории рӯзи «Дави миллӣ» дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» рост омада, имрӯз дар саросари кишвар бо старти ягона соати 8:00 оғоз мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки инсоният дар давраи мавҷудияташ ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ гардидааст, ки ҳамаи онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд.
Яке аз ин дастовардҳои инсоният ин варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад.
Мақсади асосии баргузории «Дави миллӣ» ҳам, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонону наврасон ва бо ин роҳ эътирози ҷавонони вилоят бар зидди омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла ҷинояткорӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва хариду фурӯши одамон мебашад.
Дар ин чорабинии муҳими сиёсию варзишӣ ҳазорон шаҳрвандони вилояти Хатлон бо амри дил фаъолона ширкат варзида, ҳамрайъии худро бо тамоми сокинони сайёра, ки варзишро ҳамчун рамзи ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва қосиди сулҳ эътироф кардаанд, изҳор менамоянд.
Рӯзи «Дави миллӣ» нуқтаи асосии варзиш барои аҳли ҷамъият ва саҳми он дар пайвасташавии иҷтимоии инсоният мебошад.
Ва ҳама иқдому чорабиниҳое, ки аз ҷонибӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нисбати инкишоф ва густариши варзиш андешида мешавад, маҳз ба ҳамин хотир мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро василаи хуби такомули шахсияти инсонҳо, солимии ҷомеа, тарбияи ирода ва ҷасорат дониста, ба рушди соҳа ҳамасола диққати доимӣ медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро, ки дар мулоқотҳо бо варзишгарон ва ҷавонони кишвар дода буданд, самти асосии фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардидани дастовардҳои варзишии вилоят чораҳои амалӣ меандешад.
Ин аст, ки соҳаи варзиш дар вилоят сол то сол тараққӣ карда, оммаи васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба он мароқи зиёд зоҳир менамоянд.
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 33 мактаби варзишии кӯдакону наврасон, 1 мактаби маҳорати олии варзишӣ, 34 варзишгоҳҳои марказӣ, 32 ҳавзи шиноварӣ, 3 ҳазору 4 майдончаҳои варзишӣ, 515 толори варзишӣ амал мекунад, ки дар онҳо 584 нафар мураббиён аз рӯи 34 намуди варзиш машғулият гузаронида, 15 ҳазору 305 нафар наврасону ҷавонон ҷалб гардидаанд.
Варзишгарони вилоят дар панҷ моҳи соли равон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар 6 мусобиқаи байналмилалӣ ва 25 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 111 медали тилло, 128 медали нуқра, 204 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 443 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба солҳои гузашта, хело ҳам зиёд мебошад.
Миллати мо ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт.
Ниёгони мо барои беҳдошти саломативу нерӯи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзарониву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд.
Имрӯз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш тақозо менамояд, ки мо низ ҳама паҳлӯҳои мухталифи онро таҳлил ва баррасӣ намуда, дар асоси таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутараққӣ роҳҳои нав ба нави пешрафту инкишофи корҳоро ҷуё шавем.
Ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони хурдсолӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода созем, ки чунин анъанаи неки ниёгон то замони мо боқӣ мондаанд ва мо ба насли оянда расонида тавонем.
Тарғибу ташвиқи варзиш ва иҷрои мураттаби машқҳои ҷисмониро дар давраҳои минбаъда машғулияти асосии мардум, бахусус ҷавонон гардонем.
Ҳозирини гиромӣ!
Хушбахтона, мо истиқлолият дорем ва он имкон дод, ки мо тавонем ҳамаи масъалаҳои марбут ба давлату давлатдорӣ ва ояндаи халқамонро аз нигоҳи манфиатҳои кишвари соҳибистиқлоламон арзёбӣ намоем ва варзишро ба ниёзи доимии иҷтимоӣ дар ҷомеа табдил диҳем.
Орзу дорам, ки Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амонӣ, файзу баракат, тансиҳативу пирӯзиҳо ҳамеша насиби ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон гардад.
Дар охир ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири таҳкими шӯҳрату обрӯи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол пирӯзиҳои тоза ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзиширо орзумандам.