Имрӯз, 27 май, аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Россия боз 50 тонна олу содирот карда шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар роҳии Санкт-Петербург намуданд.

Рӯзе пеш боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷотро содир карда буданд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз вилояти Хатлон, асосан навоҳии Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳун ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст. Мавсими содироти меваҷот, тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, тоза шурӯъ шудааст.

Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд.

То 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст.

Маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Россия ва Қирғизистон равона гардидааст.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон