Ба хотири баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва содиротии мамлакат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири кишвар Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, роҳбарону масъулини як қатор вазорату кумита ва агентиҳо, масъулини ташкилоти вилоятӣ, муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва соҳибкорону дигар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, содироткунандагони маҳсулот баргузор шуд.
Ҳадафи асосии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба содирот дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар онаст, ки имрӯз замони иқтисоди бозоргонӣ, талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ҳар як истеҳсолотчӣ, ҳар як соҳибкори ватанӣ, ҳар як содироткунандаи маҳсулотро водор месозад, ки маҳсулоти босифат, рақобатпазир, бозгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалиро ба инобат гирифта, бо маҳсулоти истеҳсолкарда ва содиротшаванда Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонад. Иштирокчиёни Ситод дар оғоз аз истгоҳи Роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ дидан карда, бо шароиту имконоти он аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Маълум гардид, ки барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, меваҷот ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Дар назди истгоҳи Роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ равзанаи ягона ташкил ёфтааст, ки дар он намояндагони гумрук, роҳи оҳан, амонатбонк, андоз, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентиҳои “Тоҷикстандарт”, содирот, Палатаи савдо ва саноат ва дигар мақомоти назоратӣ шомил мебошанд. Таъсиси ин равзана имкон фароҳам овардааст, ки деҳқон ё содироткунандаи маҳсулот бе ягон сарсонӣ ҳама ҳуҷҷатгузориҳоро ба сомон оварад. Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, сабзавоти барвақтӣ ва мева нисбати дигар минтақаҳои Тоҷикистон 15 – 20 рӯз пеш пухта мерасад. Аз ин нигоҳ барои содироти маҳсулот 40 вагон қатора пурра омода буда, нигоҳдории маҳсулот дар анборҳои истгоҳҳои Роҳи оҳани вилоят ройгон мебошад.
Иштирокчиёни Ситоди ҷумҳуриявӣаз вазъи кунунии фаъолияти хоҷагидорӣдар кооперативи тиҷоратии ба номи “Турахон Эсанқулов” боздид ба амал оварданд. Хоҷагидорон дар майдони 390 гектар ба парвариши пиёз, пахта, гандуму ҷав, шолӣ, ҷуворимакка барои дон, картошка, полезӣмашғул буда, ҳар сол тавассути истифодаи самараноки обу замин ҳосили баланди зироати номбаргардидаро ба даст медароранд. Онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ, бозорҳои истеъмолӣ ва арзонию фаровонӣ саҳмгузор буда, ҳар сол ба қадри имкон ба хориҷи кишвар низ содирот менамоянд.
Идомаи Ситоди ҷумҳуриявии содироти маҳсулоти кишоварзӣдар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд. Зимни ифтитоҳи ситод раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, ки зимни сафари корӣба вилояти Хатлон ва вохӯрӣ бо фаъолони вилоят Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – уми феврали соли 2022 дастуру супориш доданд, ки соҳаҳои саноату кишоварзиро рушди тоза бахшида, ба содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар муваффақ гардем. Ҳадафи асосии ситод дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолотчиёни ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардонидани ҳуҷҷатгузориҳо ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ мебошад.
Муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии ӯ гузашт масъалагузорӣ намуд, ки чӣтавр ва бо кадом роҳҳо метавон содироти маҳсулоти муаррификунандаи давлату миллати тоҷикро ба хориҷи кишвар беҳтар намуда, ҳавасмандии истеҳсолкунандагони ватаниро таъмин намуда, барои содирот ҳама шароити бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосирро фароҳам оварем. Бо ин мақсад ҳама вазорату кумита ва агентиҳо, намояндагони онҳо дар вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои мамлакат бояд вазифаи худро содиқона иҷро кунанд, мададрасони деҳқон ва соҳибкорону истеҳсолотчиёни ватанӣ бошанд. Таъкид гардид, ки соли 2021 – ум аз ҷумҳурӣ 230 ҳазор тонна маҳсулот содирот шудааст ва ин рақам дар соли 2022 – юм бояд афзоиш ёбад, зеро ба меваю сабзавоти Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ниёзи бештар доранд. Аз ҳама имтиёзҳое, ки муқаррар гардидааст бояд истеҳсолотчиёну содироткунандагон оқилона истифода баранд ва ба касе ҳуқуқ дода нашудааст, ки дар ин самт монеа эҷод кунад, зеро ин дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ оид ба содирот дар назди муовини Сарвазири мамлакат роҳбарону масъулини Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохила, Вазорати наклиёт, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Амонатбонк”, “Саноатсодиротбонк” ва дигар роҳбарону намояндагони масъул оид ба омодагӣ ба мавсими содирот, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он фикру андешаҳои хешро иброз доштанд. Таъкид шуд, ки аз пардохтҳои беасос даст кашида, тавассути хадамоти гумруку омор ва дигар мақомоти назоратӣ ҳучҷатгузориҳо дар вилоят ба расмият дароварда шавад. Дар самти банду басти маҳсулот, омода кардани маҳсулот ба хориҷи кишвар, нархи маҳсулот, сифат ва бехатарии маҳсулот, назоратӣ ҷиддӣ кор баранд, масъулин бо деҳқон ва истеҳсолотчиёну соҳибкорон омӯзиш гузаронанд,- вазифагузорӣ намуд муовини Сарвазири мамлакат.
Яке аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз дошт, ки нархи нуриҳои минералӣ барои деҳқон гарон асту хароҷотро пӯшонидан душвор гардидааст. Воқеан, чунин нуриҳо аз хориҷи кишвар бо нархи гарон ворид мешаванд. Дар замони пешрафти технологияи муосир, ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш бо давлатҳои тараққикардаи дунё деҳқон имкон дорад, ки дар парвариши ин ё он зироат аз маҷмуи нуриҳои микробиологӣ самаранок истифода барад. Бо ин роҳ ӯ метавонад бо нархи арзон маҳсулоти аз нигоҳи экологӣтоза, ба солимии инсон бехатар, хушсифт, рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол карда, муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар поёни Ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ афзуд, ки вазифаҳо барои масъулин мушаххасанд. Ҳама сохторҳои марбутаро лозим меояд, ки дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона самти фаъолиятро дигар намуда, баҳри содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар кор бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва бозорҳои истеъмолӣ саҳмгузор бошад.