Имрӯз, 6 май, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ аз роҳи оҳани вилояти Хатлон дидан карда, ба масъулин ҷиҳати пешрафти кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар КВД роҳи оҳани вилояти Хатлон бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз чораандешӣ шуда, соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳо маҳсулоти ниёзи аввал — пиёзи барвақтиро ба Қазоқистону Россия мебаранд.
Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамасола бо ҷаҳду талошҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногуни кишоварзии ниёзи аввал ба дигар давлатҳо содирот мегардад, ки ин тадбир дар некуаҳволии сокинон нақши созгор дорад. Дар доираи чунин иқдомот раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан» — и ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Комил Ҷурахон, масъулини Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, роҳбарони истгоҳҳои роҳи оҳани вилоят ва дигар роҳбарони сохторҳои марбута аз истгоҳи Хатлон дидан карда, ба масъулин бобати босифат ва саривақтӣ бандубаст кардани пиёз ва дар муҳлати пешбинишуда ба ҷойи лозимӣ расонидани маҳсулот маслиҳатҳои муфид доданд.
Қайд гардид, ки барои ҳавасмандии соҳибкорон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст ва онҳо метавонанд дар доираи иҷрои фаъолияти якҷоя ва ҳамкориҳои судманд корро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.
То ба имрӯз мувофиқи маълумоти масъулин 2 ҳазору 700 тонна пиёзи хушсифат аз истгоҳҳои роҳи оҳан ба дигар давлатҳо содирот шудааст ва ин рақам рӯ ба афзоиш дорад.
Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоми сохторҳои марбута вазифадор гаштаанд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ба раванди корҳои содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ равона созанд.
Таъкид гардид, ки масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзро ба роҳ мемонанд бояд ба сифати банду баст ва беҳдошти маҳсулот диққати аввалиндараҷа равона карда ҳамзамон бо дастгирии мақомоти шуғли аҳолӣ шахсони корҷӯёнро ба кори мавсимӣ ҷалб намоянд.